ВидеоСиёсатТоҷикистон

13 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР РОҲБАРИИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ: НОМ БА НОМ (8 АКС)

Рӯзи 17 августи соли 2022 дар мувофиқа бо президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  роҳбарии вазорати корҳои дохилӣ як силсила тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Маркази матбуоти вазорат гуфт,  ба мақомҳои роҳбарӣ “кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат” таъин гардиданд.

Дар умум дар ВКД 13 тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Акбар Насимзода ва Абдураҳмон Муборакқадамзода муовинони вазирСуҳроб Қурбонзода сардори раёсати БДА,  Темур Шарифзода сардори Сармаркази иттилоотию таҳлилии ВКД таъйин шуда, ҳамчунин роҳбарони шуъбаҳои милитсияи ноҳияҳои Восеъ, Сангвор, Мурғоб,  ШВКД фурудгоҳи Душанбе иваз шуданд.

Рӯйхатти пурраи тағйироти кадрии дар роҳбарии ВКД суратгирифта чунин аст:

– полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Шарифзода Темур Икром ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон;
– полковники милитсия Раҳимзода Файзулло Изатулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сангвор;
– полковники милитсия Шарифзода Қиёмиддин Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
– полковник Абдулҳайзода Шодмон Убайдулло ба вазифаи командири баталиёни таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3505) Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– подполковники милитсия Асрори Искандар Карим ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиёт будаи вилояти Суғд;
– майори милитсия Шамсулозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД хати фурудгоҳи шаҳри Душанбе
– подполковники милитсия Мирзозода Рамазон Бозорали ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб;
– майор Сафаралиев Мирзоали Шералиевич ба вазифаи командири баталиёни алоҳидаи фаврии таъиноти махсуси (қисми ҳарбии 3504) Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– майори милитсия Аминзода Ҳабибулло Саидмурод ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйиншуда дар сохторҳои ВКД “аз авзои минтақа ва ҷаҳон, таъмини волоияти қонун, мубориза бар зидди ҳамагуна қонуншиканиҳо, пешгирии қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки кадрҳои ҷавону болаёқат вобаста ба таҳдиду хатар, ҷиноятҳои замони муосир ва мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти террористиву экстремистӣ  бояд пайваста омӯзанд ва бо истифода аз технологияи муосир сатҳи донишҳои тахассусии худро боз ҳам баланд бардоранд”.

Таъиноти кадрӣ  17.08.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button