ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАРГИ СЕ ЗАН ДАР ЯК САДАМА ДАНҒАРА ВА АКАИ ХУДАШРО КОРД ЗАДАНИ СОКИНИ КӮЛОБ

Нимаи дуюми 15 август, тахминан соати 17:00, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел-Астра” ва “Тойота-Королла” дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати Сафобахши ноҳияи Данғара ду зани мусофири  “Тойота” ва як зани мусофири “Опел” ҷон додаанд. Як рӯз пеш аз ин дар як садама дар маркази ноҳияи Данғара ду зан ба ҳалокат расида буданд.

ххххххххххххххххх

Марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки тахминан соати сеи рӯзи 14 август, дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ дар ҳавлиашон ба қисмати чапи гардани бародари 43-солааш як зарбаи корд зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 16 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаи нақлиётии марговар

15-уми августи соли 2022, тахминан соати 17:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Давлатов Тағай, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, таҳти идораи Кобулиев Камолиддин Шарофуддинович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Турдиева Миҷгона Бобомуродовна, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри мазкур, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири дигари ҳамин автомашина Шарипова Оқиламоҳ, соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Салимова Фирӯза, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ҳамагӣ як рӯз пеш аз ин, рӯзи 14 август бар асари бархӯрди се мошин дар кӯчаи Зебунисо дар маркази ноҳияи Данғара ду зан ба ҳалокат расида, якеи дигар ҷароҳат бардошта шуд.

Парвиз ТВ аз маҳалли садамаи пурқурбонии ахир дар ҷамоати Сафобахши ноҳияи Данғара як видеоро нашр кардааст. Дар навор дида мешавад, ки дар маҳалли садама мардуми зиёде ҷамъ омадааст ва чанд нафар, аз ҷумла занҳои дар натиҷаи садама осебдида дида мешаванд, ки дар рӯи асфалти роҳ ё нишастаанд ё ба пушт хобидаанд.

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии бародар

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 14-уми августи соли 2022, тахминан соати 15:00, дар саҳни ҳавлии истиқоматиашон бо бародараш марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1 маротиба ба тарафи чапи гарданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button