ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

НАХУСТИН ҚАТОРИ МУСОФИРБАР АЗ КӮЛОБ РОҲИИ ВОЛГОГРАДИ РУСИЯ ШУД

Шаби 16 августи соли 2022, соати 00:10  ба вақти маҳаллӣ аз вокзали роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб дар ҷануби Тоҷикистон нахустин қатори мусофиркаш дар якуним соли охир ба самти шаҳри Волгогради Русия ба роҳ баромад. Ба ин тартиб, иртиботи байни Русияву Тоҷикстон тавассути қаторҳои мусофиркаш, ки аз моҳи марти соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, дигарбора барқарор гардид.

“Шаби 16 август, соати 00:10, нахустин қатор аз Кӯлоби Тоҷикистон ба самти Волгогради Русия ба роҳ баромад ва рӯзи ҷумъа, 19 август ба онҷо мерасад”, – хабар додаанд ба хабаргузории русии ТАСС дар маъмурияти вокзали роҳи оҳани  Душанбе, пойтахти Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ин хабаргузорӣ, қатори нахустин аз 13 вагон бо беш аз 600 ҷои нишаст иборат буд ва тамоми чиптаҳояш фурӯхта шуданд. Нархи сафар дар вагони платскарт 1410 сомонӣ (наздики 140 доллар)  муқаррар шудааст. Нархи купе каме бештар аст  – ҳудуди 2 ҳазор сомонӣ (қариб 200 доллар).

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати ТАСС,  “27 август ва 7 сентябр ба самти Волгоград аз Душанбе ва Хуҷанд низ ду қатори дигар ба кашондани мусофирҳо оғоз мекунанд ва фурӯши чиптаҳо ба ин ду хатсайр низ алакай шурӯъ шудааст”.  Ӯ афзуд, мусофирони роҳии Русия аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ метавонанд дар роҳ ба ин қатор савор шаванд.

Ёдовар мешавем, Русия ҳаракати қаторҳои мусофиркаш бо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2020, ба далели пандемияи коронавирус манъ карда буд. Ҳаракати ҳавопаймоҳо байни ду кишвар алакай аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале барқарор кардани ҳаракати қаторҳои мусофиркаш якуним сол тӯл кашид.

Тибқи тавофуқи байни ду кишвар, аз 16 август ҳаракати қаторҳои мусофиркаш дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград, аз 27 август дар хатсайри Душанбе – Волгоград ва аз 7 сентябр дар хатсайри Хуҷанд- Волгоград ба роҳ монда мешавад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чанде пеш нархи  сафар бо қатори роҳи оҳан то Русияро эълон кард: “Арзиши билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград дар  вагонҳои  платскартӣ – 1580 сомонӣ (наздики 150 доллар), дар  вагонҳои купе –   2040 сомонӣ (қариб 200 доллар), муқаррар гардида, дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки  қатора сарҳадашонро убур мекунад нархи билет муайян карда мешавад”.

Барои муқоиса нархи парвоз ба Русия бо ҳавопаймоҳо тақрибан аз 4 ҳазор сомонӣ шурӯъ шуда, то ҳадди 7 ҳазор сомонӣ мерасад.

Нархи сафар бо қатори роҳи оҳан барои муҳоҷирони корӣ арзонтар аст, вале онҳо барои расондани худ ба дигар минтақаҳои Русия маҷбур мешаванд, аз қатору ҳавопаймоҳои дохилии Русия истифода кунанд. Барои мисол, аз Волгоград то Маскав тақрибан 1000 километр, то Екатеринбургу Санкт Петербург, ду масири дигари умдаи сафари муҳоҷирони тоҷик, ҳудуди 1700 то 1750 километр роҳ аст.

Фосилаи байни Душанбею Волгоград беш аз 3100 километрро ташкил медиҳад. Сафар бо қатор то Волгоград аз Тоҷикистон дуюним шабонарӯзро дар бар мегирад.

Бино ба охирин омори нашршудаи ҷониби Русия, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 852 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон бо мақсади кор ба Русия омада, дар ниҳодҳои муҳоҷирати ин кишвар худро ҳамчун муҳоҷири корӣ сабти ном кардаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали сол  ҳамагӣ 322 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик барои кор ба хориҷ рафтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button