ВидеоДин ва боварҳоТаърих

АЗ МАЗОРИ СУЛТОН УВАЙСИ ҚАРАНӢ ДАР НАМАНГОН ЯК КИТОБИ ҚАДИМАИ “ҚУРЪОН”-РО ДУЗДИДААНД

Раёсати корҳои дохилии вилояти Намангони Ӯзбекистон хабар дод, ки шаби 9 ба 10 августи соли 2022 аз мазори Султон Увайси Қаранӣ дар деҳаи Балиқликӯли ноҳияи Чортоқ  як нусхаи дастнависи “Қуръон”–ро, ки қариб 150 сол қабл  – соли 1874 – китобат шудааст, дуздидаанд. Ба гуфтаи пулис, ин ҳодиса тахминан соати дувоздаҳи шаб рӯй дода, дуздон, ки дастикам ду нафар буданд, ба самти номаълум ғайб задаанд.

Дар робита ба ин дуздии пурсарусадо парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҷараёни тафтиши он таҳти назорати раҳбарони милитсия ва додситонии вилоят қарор дорад.

Ин нусхаи “Қуръон” аз абрешим тайёр карда шуда, аз 426 саҳифа иборат аст. Дар ҳар саҳифаи он 13 оят ҷой дода шуда, китоб 74 сантиметр баландӣ, 51 сантиметр бар, 12 сантиметр ғафсӣ ва 21,5 кило вазн доштаааст.

 Ин бори аввал нест, ки китобҳои таърихии “Қуръон” дар Ӯзбекистон мавриди дуздию қочоқ қарор мегиранд. Соли 2019 мақомоти амниятии ин кишвар аз кӯшиши ба хориҷ баровардани як нусхаи саҳифаҳояш тиллокоришудаи “Қуръон” пеширӣ карданд. Он нусхаи “Қуръон” ҳанӯз дар асри 16 китобат шуда, арзиши эҳтимолиаш 1 миллиарду 880 миллион сӯми ӯзбекӣ, ё беш аз 170 ҳазор доллар гуфта мешуд.

Мазори Султон Увайси Қаранӣ дар  деҳаи Балиқликӯли ноҳияи Чортоқ  аз оромгоҳи ин марди валӣ, як масҷид барои 1200 намозгузор, китобхона ва назрхона ибора буда, як макони барои мусалмонон муқаддас ба шумор меравад ва ба инҷо аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ барои зиёрат зиёд меоянд.  Султон Увайси Қаранӣ, бино ба ривоятҳо, зодаи Яман буда, дар замони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) зиндагӣ кардаанд ва дар паҳн кардани дини Ислом хидматҳои бузург кардааст. Бовар меравад, ки Султон Увайси Қаранӣ барои таблиғи дини Ислом ба қаламрави Ӯзбекистони кунунӣ омада, дар ҳаминҷо хок шуда бошад.

Вале чунин мазорҳои ин марди валӣ дар чандин кишвари дунё мавҷуд аст. Аз ҷумла дар Сурия, Туркия, Қазоқистон, Тоҷикистон. Дар Ӯзбекистон бошад ду мазори Султон Увайси Қаранӣ мавҷуд будааст: яке аз дар Қароқалпоқистон ва якеи дигар дар Чортоқи Намангон.

Як мазори Султон Увайси Қаранӣ дар Сурия, ягон 40 километр дуртар аз Раққа ҷойгир шуда, соли 1988 бо ибтикори президенти Сурия Ҳофиз Асад  ва раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Хумайнӣ дар паҳлуи ин мазор сохтмони масҷиди бузургеро сар карданд, ки сохтмонаш соли 2003 ба анҷом расид. Ин масҷид дар замони ҷанги шаҳрвандии Сурия дар соли 2013 хеле хароб шуд, чунки дар дохили он як гуруҳи ҷангӣ барои худ ситод дуруст карда буд. 26 марти соли 2014 ҷангҷӯёни ДОИШ мазори Султон Увайси Қараниро дар Раққа ҳамчун намунаи авлиёпарастию бандапарастӣ ва ширк тарконданд.

Мазори дигари ин марди валӣ дар устони Сиирти Туркия ҷойгир шуда, соли 1901 дар онҷо мақбараи муҳташаме сохтанд. Ҳарсол аз ин мазор то як миллион нафар зиёрат мекунанд.

Султон Увайси Қаранӣ дар Осиёи Марказӣ низ хеле муҳтарам буда, танҳо дар Ӯзбекистон ду мазораш мавҷуд аст. Яке аз онҳо бо номи мазори Султон Увайс Бобо маъруф буда, бино ба ривоятҳо, мақбараашро бори авал султон Муҳаммади Хоразмшоҳ ҳанӯз дар асри 13 сохтааст, вале онро муғулҳо хароб кардаанд. Мақбараи охиринро дар ин мазор хони Хива Аллоҳқулӣ, ки дар нимаи аввали асри 19 (солҳои 1820-1846) зиндагӣ мекарл, сохтааст.

Дар Чортоқ мазори нафақат Султон Увайси Қаранӣ, балки мазори модари ӯро ҳам зиёрат мекунанд.  Бино ба ривоятҳо, вақте модари ин марди валӣ фавтиду ӯ барои шустани майит об наёфт, ба даргоҳи Худованд дасту дуо кушод  ва вақте дасташро ба замин зад, аз ҷои задааш чашмае фаввора зад.

Дар Тоҷикистон низ мазори Султон Увайси Қаранӣ  дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир шуда, соли 2006 бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон тармиму бозсоӣ шуд. Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояш ба Ховалинг ҳамеша аз ин мазор зиёрат мекунад.

Сколько могил у Увайса Карани?

Об Увайсе Карани были созданы многочисленные легенды, он является весьма почитаемой фигурой как в суфизме, так и в народном исламе. Вероятно, эта любовь и почитание и стали причиной того, что в мусульманском мире существует несколько мест, считающихся его могилами. Обилие этих могил даже породило легенду о том, что после смерти Увайса Карани семь султанов стали спорить, кто его будет хоронить. Каждый приготовил свой гроб. И оказалось, что Увайс Карани находится в каждом из них.


Увайс аль-Карани жил во времена Пророка Мухаммада (САВ). Он принял ислам, хотя никогда не видел Посланника Аллаха (САВ), так как, ухаживая за своей матерью, не мог оставить ее одну. Но Пророк (САВ) знал о нем и предсказал, что он прибудет в Медину после его смерти и назвал его лучшим из табиинов. О смерти Увайса Карани существуют разные версии. По одной из них он погиб в битве при Сиффине, где сражался на стороне Али (р.а.).

Одну из могил показывают в Сирии, в 40 км от Ракки. В 1988 г. по инициативе президента Хафеза Асада и аятоллы Хомейни вокруг усыпальницы Увайса аль-Карани началось строительство новой мечети. Ее открытие состоялось в 2003 г. В 2013 г. мечеть была опустошена и сильно повреждена группировкой «аль-Мунтазаран биллах», устроивших в ней свой штаб. А 26 марта 2014 г. святыня была взорвана боевиками ИГИЛ, по идеологии которых посещение могил является многобожием.

Другая могила располагается в Турции, в провинции Сиирт, ильче Байкан. В 1901 г. над нею была сооружена гробница. В 1967 г. она была снесена, и построен новый комплекс. В 2001 г. здесь были проведены обширные реставрационные работы. Гробница является популярным местом паломничества – каждый год ее посещают около миллиона человек.

Гробница Увайса Карани в Сиирте / Источник: plusfly.com

Увайс аль-Карани очень почитаем в Средней Азии – Узбекистане, Таджикистане, Казахстане. В честь него здесь было возведено несколько символических мавзолеев. Самый известный – это комплекс Султан Увайс Баба в Каракалпакском районе Узбекистана. Заявляется, что первая гробница здесь была построена еще Мухаммадом Хорезмшахом в XIII в., но была разрушена по время монгольского нашествия. В 1806 г. по приказу хивинского хана Эльтузара на этом месте было воздвигнуто новое здание. Строителем последнего мавзолея называют хивинского хана Аллакули (1820-1846). В 80-е годы здесь были начаты реконструкционные работы. Сейчас это целый комплекс, включающий мечеть, «святой пруд», торговые центры, гостиницы и т.п. Сюда приходят множество паломников.

К комплексу Султан Увайс Баба приходят множество паломников / Источник: zen.yandex.ru

В Чартакском районе Наманганской области в Узбекистане показывают могилу не только Увайса Карани, но и его матери. Согласно легендам, он прибыл сюда, чтобы распространять ислам. Рассказывают, когда его мать умерла, то святой не мог найти воды для ее омовения. Он вознес молитву Аллаху и ударил ладонью по сухой земле, и ту же забил источник. Святилище относят к XII-XIII в. Сейчас здесь воздвигнут исторический комплекс, включающий гробницу, мечеть и музей.

В Таджикистане зиярат Увайса Карани располагается в Ховалинском районе, в селе Мазори Хазрати Султан. Это историческое место славится своей красивой природой, кристально чистыми источниками, лекарственными растениями и редкими птицами. Мавзолей Султана Увайси Карани был полностью отреставрирован в 2006 году по инициативе Эмомали Рахмона. Президент также лично посетил его.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button