ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ТАЛАБИ ҲАБСИ УМРБОД БА ГЕНЕРАЛ ХОЛБАШЕВ ВА 25 СОЛИ ЗИНДОН БА МАМАДШОЕВА

Журналисти рус Андрей Серенко дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки қарор аст, ба зудӣ ҳукми айбдоршавандагон дар парвандаи пурсарусадои рӯшониҳо эълон шавад. Бино ба иттилои Серенко, айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои генерал Холбаш Холбашев ҳабси умрбод ва барои ҳамсари собиқи ӯ Улфатхоним Мамадшоева 25 соли зиндон талаб кардааст.

 Радиои Озодӣ рӯзи 15 августи соли 2022 бо тасдиқи ин хабар низ хабар дод, ки намояндаи Додситонии кул аз Додгоҳи олӣ барои Холбашев ҳукми умрбод ва барои Мамадшоева 25 сол тақозо кардааст.

Ин нашрия бо такя ба манобеи худ афзуд, ки додгоҳ мебоист рӯзи 12 август ҳукмҳояшро эълон мекард, вале ба сабаби аз эътирофи гуноҳ даст кашидани Холбашеву Мамадшоева ва дигар айбдоршавандаҳо дар парвандаи рӯшониҳо эълони ҳукм ба таъхир афтодааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 август ба баррасии парвандаи эътирозҳои Рӯшон сар кард. Дар ин парванда, бино ба маълмоти дарёфтӣ, тақрибан 100 нафар мегузаранд.

Эътирозҳои Рӯшон хунинтарин саҳифаи амалиёти саркӯби мавҷи ахири эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳи майи соли 2022 аст. Дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон, ба ҳисоби Созмони Милал, беш аз 40 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин дар бораи боздошти тақрибан 200 нафар дар робита ба ҳаводиси ахири Бадахшон хабарҳо ба даст расидаанд. Аксари кушташудаҳову дастгиршудаҳо сокинони ноҳияи Рӯшон мебошанд.

Улфатхоним Мамадшоева, раҳбари созмони “Инсоф ва номус” ва устоди собиқи Донишгоҳи славянӣ, ки 65 сол дорад, субҳи 18 май дастгир шуд. Мақомот ӯро ба ташкилу раҳбарии эътирозҳои Бадахшон ва даъватҳо ба сарнагун кардани сохти давлатдорӣ айдор мекунанд.

Ҳамсари собиқи ӯ Холбаш Холбашев, ки 57 сол дорад, дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони нирӯҳои мухолифин ба шумор мерафт ва баъди имзои созишномаи сулҳ фармондеҳи як қисми низомии марзбонӣ дар Бадахшон таъйин шуд. Ӯ соли 2013 соҳиби унвони генерал-майор шуд ва солҳои охир ба ҳайси мушовири фармондеҳи қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон кор мекард. Холбаш Холбашев низ рӯзи 18 май вақте дастгир шуд, ки дар як сафари хидматӣ дар ҷамоати Ворухи Исфара дар марз бо Қирғизистон қарор дошт.

Рӯзи 24 май дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филми мустанаде бо номи “Шикасти фитна” намоиш дода шуд, ки дар он Улфатхоним Мамадшоева ва Холбаш Холбашев даст доштани худ дар ташкили эътирозҳои Бадахшон ва барои ин аз хориҷ пул гирифтанашонро эътироф мекарданд.  Муаллифони филм ҳамин тавр, Мамадшоеваро ба додани маълумот ба мақомоти вижаи як кишвари ғарбӣ айбдор карда, сабти лаҳзаи мулоқоти ӯ бо кормандони як сафоратро дар як қаҳвахона дар маркази Душанбе низ нашр карданд.

Вале дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ, бино ба гузориши Андрей Серенко ва тасдиқи Озодӣ, Мамадшоева ва Холбашев аз он баёноти қаблии худ даст кашида, гуфтаанд, ки таҳти фишор маҷбур ба эътирофи гуноҳ шудаанд.

Ахиран Кумитаи дифоъ аз журналистон аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки таъқиби журналистони помирӣ ва дигар журналистони тоҷикро бас карда, Улфатхоним Мамадшоева ва блогери зодаи Бадахшон Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Хушом Гулямро озод кунанд.  Душанбе ба ин муроҷиати ин созмони байналмилалӣ то ҳол посух надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button