ВарзишВидео

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АБУБАКР ШЕРОВ ДАР ҶОМИ ОСИЁ САЗОВОРИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД (ВИДЕО)

Рӯзҳои 13-14 август дар шаҳри Оқтов (Актау)-и Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) ба хотираи Турар Жолдибаев баргузор шуд.  Дар мусобиқа 154 варзишгар аз шаш давлат ширкат карданд. Тими мунтахаби Тоҷикистон иборат аз 8 нафар дар ин мусобиқа иштирок карда, танҳо як нафар – Абубакр Шеров дар вазни -66кг ба гирифтани медали нуқра даст ёфт. Варзишгари дигари тоҷик Наврӯз Каримзод дар вазни -73кг ҷои ҳафтумро гирифт.

Абубакр Шеров (-66кг) рақобатҳояшро аз даври дуюм муқобили варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов шуруъ кард. Ҷудокори қазоқ дар оғози вохурӣ тавонист бо иҷрои “коучи гари” аз Шеров имтиёзи “ваза-ари” ситонад, вале Абубакр дар дақиқаи охири рақобат бо истифода аз усули “о гоши” ҳарифро ба паҳлу зад ва дар идома дар ҳолати “осаекоми” нигаҳ дошту ғолиби рақобат гашт.
Дар чорякниҳоӣ Шеров бар ҷудокори дигари мизбон – Болат Билал бо “иппон” пирӯз шуд ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври нимниҳоӣ Шеров муқобили сеюмин ҷудокори мизбон, ин навбат – Алмас Галимов қарор гирифт. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, дар вақти асосӣ ғолиб муайян нашуд. Ниҳоятан дар дақиқаи дуюми “вақти тиллоӣ” Шеров бо иҷрои “де аши барай” ҳарифро мағлуб кард ва ба финал роҳ ёфт.
Дар финал Абубакр Шеров бо ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон – Сунгат Жубаткан нерусаҷӣ кард. Мутаассифона, Шеров бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқраи мусобиқа шуд.

Тоҷикистонро дар Ҷоми бози Осиё дар Оқтов 8 паҳлавони тоҷик – Акабаралӣ Кенҷаев (-60 кг), Аҳмадҷон Аюбов ва Абубакр Шеров (-66 кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг), Кароматулло Ҳакимов (-90кг) ва Амирҷони Насимҷон (-100кг) – намояндагӣ карданд. Вале танҳо ба Абубакр Шеров муяссар шуд, ки соҳиби медал шавад. Боқӣ паҳлавонҳои тоҷик ноком шуданд.

Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо, 13 август,  Акбаралӣ Кенҷаев (-60кг) дар даври аввал бар варзишгари Тайпеи Чин – Чои Ҳок Чинг дастболо шуд, вале дар даври дуюм аз ҷудочии мизбон Жаксибек Женисбек шикаст хӯрд.

Аҳмадҷон Аюбов (-66кг) дар даври якум аз Ануар Жумагелдин (Қазоқистон) ноком гашт ва аз идомаи рақобат маҳрум гашт.

Раҳимов Маҳмудҷон (-73кг) дар нахустин рақобаташ бар ҷудокори Ӯзбекистон Дилшод Шукруллоев пирӯз шуд, аммо дар даври дуюм аз Бахиджан Абдураҳмонови қазоқ ноком шуд.
Наврӯз Каримзод (-73кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Холиқбердиев Абдулвоҳид аз Ӯзбекистон ғалаба кард. Мутаассифона, Каримзода дар чорякниҳоӣ аз варзишгари Чин – Юниёнг Гоу, ва дар даври тассалобахш аз намояндаи мизбон – Дархан Коибагар шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат бенасиб монда, бо ҷои ҳафтум иктифо кард.

Рӯзи 14 август, дар рӯзи дуюм ва ниҳоии Ҷоми бози Осиё дар Оқтов се паҳлавони тоҷик ба майдон баромаданд, вале ҳарсе ноком шуданд. Аз ҷумла Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг) дар нахустин қувваозмоӣ аз намояндаи мизбон – Нуржан Биссенов бо ду “ваза-ари” мағлуб шуд.
Кароматулло Ҳакимов (-90кг) дар даври якум аз Куаниш Ратаеви қазоқ бо “иппон” дар “голден скор” ноком шуд.
Амирҷони Насимҷон (-100кг) дар даври аввал аз Адилет Сапаргалиев (Қазоқистон) шикаст хурд ва аз идомаи рақобат бенасиб монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button