ВидеоКоррупсия

БОЗДОШТИ РАИСИ ҶАМОАТИ ЗАРҲАЛОЛ ВА МУОВИНАШ БАРОИ ЗАМИНФУРӮШӢ

Раиси ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Очилов Баҳрулло Саъдуллоевич ва муоини раиси ин ҷамоат Раҳматов Озод Ғаффорович ду моҳ боз дар шабси пешакӣ қарор доранд. Ба зидди ин ду мансабдори давлатӣ бар асоси моддаҳои 338, иловаи 1 (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва 247, қисми 2 (қаллобӣ бо истифода аз мансаб) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Бино ба маълумоти дарёфтии пойгоҳи хабарии “Бомдод”, Баҳрулло Очилов ва Озод Раҳматов ҳанӯз 14 июни соли 2022 аз ҷониби кормандони Агентии мубориза бо коррупсия баъди аз як шаҳрванд гирифтани пора дар ивази ваъдаи барояш ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ дастгир карда шудаанд. Дар бораи маблағи ҳамчун пора гирифтаи ин ду мансабдор маълумот мухталиф аст, вале дар ҳар сурат, сухан дар бораи маблағи бузург: аз 20 ҳазор то 30 ҳазор сомонӣ меравад.

Ба роҳбарони ҳамакнун собиқи ҷамоати Зарҳалол бар асоси қисми дуюми моддаи 247 ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда = 64 сомонӣ), ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он  таҳдид мекунад. Ҳамин тавр, ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 338, иловаи 1 барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин бо сӯиистифода аз мансаб ҷарима ба андозаи аз 912  то 1460  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5  то 8 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Баҳрулло Очилов, ки қаблан дар мақоми котиби ҷамоати Зарҳалол кор мекард, тақрибан моҳи майи соли 2021 раиси ин ҷамоат таъйин шуда буд.

Маълумоти ёфтаи “Бомдод” ҳамчунин ҳокӣ аз он аст, ки муовини раиси ҷамоати Зарҳалол Озод Раҳматов таҳти пуштибонии корманди додситонии Истаравшан бо номи Қ. қарор дошт ва аз ин рӯ бидуни ягон тарс аз ҷавобгарии ҷиноӣ даст ба заминфурӯшӣ мезад. Гуфта мешавад, баъди боздошти Раҳматов ва Очилов, Қ. низ аз вазифа озод карда шуд. Ҷолиб он аст, ки Қ. дар додситонӣ  … назорати масоили марбут ба фурӯши қитъаҳои заминро бар уҳда доштааст.

Дар шароити Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш рӯз то рӯз меафзояд ва тайи 30 соли истиқлоли ҷумҳурӣ қариб дуюним маротиба афзуда, аз 5,5 миллион нафари соли 1991 то баа 10 миллион нафар расидааст,  фурӯши қитъаҳои замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ ваё иншооти тиҷоратӣ  ба яке аз риштаҳои аз ҳама фасодзада ва ба манбаи асосии даромади мансабдорони қалбдасти ҷамоатҳо ва кумитаҳои замин табдил ёфтааст. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода низ дар як нишасти и хабариаш эътироф карда буд, ки “замин имрӯз дар Тоҷикистон мавзӯи баҳси рақами 1 шудааст.”

Ҳар сол садҳо мансабдорро дар Тоҷикистон бо иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин ва гирифтани пора барои ин дастгир мекунанд. Вале дар аксари мавридҳои ин пораҳои порахӯрӣ бо моддаи ҷазояш сабуктари 247 ҳамчун қаллобӣ ҷамъу баст мешаванд ва мансабдорони бо пора ба даст афтода, бо ягон ҷазои рамзӣ, аксаран бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ халос мешаванд.

Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар радифи 30 кишвари аз ҳама фасодзадаи дунё ном бурда мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button