АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БАРБАРҲО ДАР САРИ ДАВЛАТ: ЯК СОЛИ ҲУКУМАТИ ТОЛИБОН БАР АФҒОНИСТОН

Боварнокарданист, вале аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон як соли пурра гузашт.

15 августи соли 2022, вақте ҷангҷӯёни Толибон вориди Кобул шуда, эҳёи дигарбораи режими худ бо номи “Аморати исломии Афғонистон”-ро эълон карданд, кам касе бовар мекард, ки ин режим битавонад дер бипояд. Дар рӯзҳову ҳафтаҳои аввал Интернет моломоли видеоҳое буд, ки чӣ гуна ҷангҷӯёни “нодида” аз дашту саҳро бори аввал ба муҳити шаҳр афтода, ба ҳама чизе, ки дар зиндагиашон бори аввал медиданд:  аз унитазу ванна то аттраксиону меҳмонхонаву тарабхонаҳои шик бо чашми ҳайрат менигаристанд ва видео мегирифтанд. Аксари мардум онҳоро ба боди масхара мекашид ва мутмаин буд, ки ин “барбарҳо” (варварҳо) дер намепоянд ва ҳамон гуна, ки шамол мислу хору хас оварду зуд болонишинашон кард, ҳамон гуна зуд боди дигаре аз арши қудрат ин ҳама бодовардаро хоҳад рӯфту бурд.

Вале ин интизорот бароварда нашуд. Дастикам дар як соле, ки гузашт.

Дар давоми ин як соле, ки гузашт, ҳаракати Толибон, албатта, натавонист эътирофи расмии ҳукумати сохтаашро аз ҷониби ягон кишвар, ҳатто аз сӯи Покистон ва Қатар, ки ҳомиёни асосии ин режими нави Кобул шумурда мешаванд, ба даст биорад. Вале бояд эътироф кард, ки ин ҳаракати тундрав бар хилофи интизороти аксар тавонист, ба сурати умум, вазъро дар Афғонистон зери назорати худ нигоҳ бидорад ва ҳама кӯшишҳои ташкили муқовимати мусаллаҳона ба зидди ин режим то имрӯз бештар оҳанги таблиғотӣ доштанд ва асосан дар Интернет  ба сурати онлайн  “пешрафт” доштаанд, то дар сангарҳои воқеӣ.

Ҳамин тавр, Толибон тавонист дар ин як соли ҳукумати худ дар чандин кишвар, аз ҷумла дар Маскав, пойтахти Русия, сафоратҳои Афғонистонро аз дасти дипломатҳои ҳукумати пешин кашида бигирад ва афроди худро дар ин сафоратҳо ҷобаҷо кунад. Ҳамин тавр, ҳайъатҳои Толибонро имрӯз ба нишастҳои муҳим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба Чину Русияву Эрону Ӯзбекистон даъват мекунанд, ки намунаҳояш ҳузури Толибон дар ҳамоиши иқтисодии Петербург ва анҷумани ахири масоили Афғонистон дар Тошканд ва ҳамин тавр, сафарҳои вазири хориҷаи Толибон ба Чину Эрон ва чанд кишвари дигари минтақа ва боздиди чанд вазири хориҷа аз кишварҳои дигар аз Кобул ва мулоқотҳову дастфишуриҳояшон бо роҳбарони ҳукумати сохтаи Толибон буд.

Як сол пеш, дар нимаи аввали моҳи августи соли 2021 ба ҷангҷӯёни Толибон ҳамагӣ 10 рӯз кифоят кард, ки дар пешорӯи хуруҷи охирини нирӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти фармони Амрико ва НАТО ҳамаи шаҳрҳои бузург ва ҳамаи 34 вилояти Афғонистонро тақрибан бидуни ҷанг аз дасти Урдуи давлатии гӯё 300-ҳазорнафарии ҳукумати қаблӣ кашида бигиранд ва рӯзи 15 август, ҳамин гуна бидуни ҳеҷ ҷангу муқовимат ҳамчун ғолиб вориди пойтахти Афғонистон, шаҳри Кобул шаванд.

Раисиҷумҳури вақти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва атрофиёнаш ҳамин қадар кор карданд, ки 4 чархболро пур аз пул кунанд ва дар арафаи тасарруфи пойтахт аз Кобул бигурезанд. Намояндаи сафорати Русия он рӯзҳо нақл карда буд, халтаҳои пули бо худ барои “сафархарҷӣ” гирифтаи Ашраф Ғанӣ ва тимаш чунон зиёд буд, ки дар 4 чархбол нагунҷид ва чандин халтаи пулро онҳо ҳатто дар саҳни фурудгоҳ партофта, рӯ ба гурез ниҳоданд. Сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, гӯё Ғанӣ ва тимаш 169 миллион доллар пули нақди давлатро бо худ бурдаанд.

Раисиҷумҳури фирории Афғонистон  бо он ҳама халтаҳои пул аввал ба Тоҷикистон рафт, вале дар фурудгоҳи Бохтар ба корвони чархболҳои ӯ иҷозати нишастан надоданд ва онҳо дар ниҳоят дар фурудгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон нишастанд ва сипас Ғанӣ аз тариқи Тошканд ба Дубай рафт.

Ӯ баъдан чандин бор худро сафед кард, ки гӯё ба ҷонаш таҳдид буду илоҷе ба ҷуз тарки кишвар надошт, қасам мехӯрд, ки як тин ҳам бо худ надошт ва гӯё ҳатто фурсат наёфта буд, ки кафшҳояшро ба по кунад ва гӯё пойпӯшҳои хонапӯшакаш дар по фирор кардааст. Вале дигар касе ба ин президенте, ки ба қасами худ хиёнат кард ва мардумашро дар рӯзи сахти ин мардум дар доми бало афканду танҳо гузошту рафт, бовар накард.

Як паҳлуи аз ҳама таккондиҳандаи расидани Толибон ба қудрат ин буд, ки як сол пеш мардуми Афғонистон ҳамин гуруҳи тундравро тарҷеҳ дод ва аз паси фармондеҳони номие, чун Атомуҳаммади Нур, маршал Дӯстум, Исмоилхон ва амсоли онҳо нарафт. Бисёрии нозирон мегуфтанд, беинсофии ин қумандонҳо ва дигар намояндагони ҳукумати қаблӣ дар ғорати пули хазина ва фасоди саросарие, ки дар аҳдӣ чӣ Ҳомиди Карзай ва чӣ Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон ба асли сиёсати ҳокимони даври ин кишвар табдил ёфта буд, мардумро ончунон аз ин қумандонҳои номӣ дилгир карда буд, ки тайёр буданд, ҳукумати нави Толибонро таҳаммул кунанд, то бори дигар дар паҳлуи Дӯстум ё Ато истод шуда, ба зидди толибҳо биҷанганд.

Дар ин як сол кӯшишҳои зиёде шуд, то ба зидди режими нави Толибон дар Афғонистон ҷабҳаи муқовимати фарогир шакл дода шавад. Аз ҳама кӯшиши умда дар ин роҳ ташкили Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи шуҳратёри Эътилофи шимол,  ҷабҳаи қаблии зидди Толибон буд.

Вале дар ин як соле, ки гузашт, ин ҳама кӯшишҳои  ба ҷанги зидди Толибон хезондани мардум дар Афғонистон натиҷаи чашмгире то ҳол надоштаанд ва асосан бо эълони таъсиси ҷабҳаву созмонҳои навбанав бо ҳамон шахсиятҳои кӯҳна ва нашри хабарҳои бештар таблиғотӣ дар бораи “пешрафт”-ҳор гӯё бузург ва “шикастҳои миёншикан”-и Толибон дар ин ё он гӯшаи Афғонистон, асосан дар дараи Панҷшеру минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон маҳдуд мешаванд.

Кишварҳои дунё, ба вижа қудратҳои умда низ то кунун ба фаъолияти ҷабаҳоти зидди Толибон алоқаи чандоне нишон намедиҳанд ва Тоҷикистон, ки аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи тунду оштинопазир гирифт ва ироаи ҷойгоҳи шоиста ба тоҷикони Афғонистон дар ҳукумати навро шарти асосии эътирофи он номид, амалан дар муқобили режими нави ҳоким бар Кобул танҳо монд.

Роҳбарони Толибон низ мавқеи душманонаи худ нисбат ба Душанберо пинҳон намекунанд ва чандин бор таҳдид ҳам карданд, ки қодиранд хоки Тоҷикистонро бибезанд. Як толиб гуфт, барои ин ҳамагӣ 24 соат барояшон кофист, дуюмӣ воҳимаро каме камтар кард ва барои ишғоли қаламрави Тоҷикистон як ҳафта фурсат хост. Ҳамин тавр, аз он сӯи Омӯ таҳдидҳое садо медиҳанд, ки Толибон метавонад мухолифини исломии ҳукумати Тоҷикистонро дастбакор карда, барои Душанбе дарди сарҳое эҷод намояд. Чанде пеш ҳатто эълон шуд, ки Маҳдӣ Арсалон ҷамоати Ансоруллоҳашро ба Таҳрики Толибони Тоҷикистон табдили ном кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button