Хабарҳои кӯтоҳ

РӮЗҲОИ 13-14 АВГУСТ ДАР НОҲИЯҲОИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН МЕТАВОНАД СЕЛ БИОЯД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон хабар дод, ки рӯзҳои 13 – 14 августи соли 2022  дар ноҳияшои баландкӯҳи ҷумҳурӣ (ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадаъшон) хатари омадани сел аз пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва худро аз қабл ба ҳар гуна ҳодисаҳо омода намоянд. Барои пешгирӣ аз харобиҳои сел тавсия дода мешавад, ки пешакӣ ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо пок созанд. Аз сокинон ҳамчунин хоста шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, моҳигирию шикор ва чаронидани чорво дар маконҳои хатарнок ҳаддалимкон худдорӣ кунанд.

Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки ҳангоми сафарҳо дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус ҳангоми сафарҳо фосила миёни мошинҳоро риоя кунанд ва аз ҳар гуна рухдодҳои ногаҳонӣ ва осебрасон пешгирӣ намоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button