ВидеоТоҷикистонФарҳангЧеҳраҳо

СИТОРАИ СОБИҚИ ТВ ТОҶИК ХУДКУШӢ КАРД?

Марги мармузи мудири кулли шабакаи радиоии “Авторадио Тоҷикистон” ва ситораи собиқи шабакаҳои телевизионии “Баҳористон ва “Сафина” Фаридун Хайруллозода  дар синни ҳамагӣ 28 сарусадоҳои гуногунеро ба вуҷуд овардааст.

Аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин нафар навиштаанд, ки Фаридун бо марги худ нафавтидааст, балки худкушӣ кардааст.

Шоиру хабарнигор ва ровии шинохтаи тоҷик Орзу Исо низ дар Фейсбук навишт: Шунидам, Фаридун худкушӣ кардааст. Кӣ ё киҳо ӯро то ба ин варта оварда расониданд? Мутмаинам, мақомоти қудратӣ ба ин масъала равшанӣ меандозад!

Орзу Исо дар ин бора, ки оё кӣ ё киҳо Фаридунро ба ин ҳол расонданд, ки қасди ҷони худ кард?, ягон тафсилот надодааст, вале дар майдони баҳси зери ин изҳори назараш дигарбора изҳори умед кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин қазияро мӯшикофона таҳқиқ ва гунаҳкоронро муайян хоҳанд кард.

Бархе Орзу Исоро барои мавзӯи худкушӣ кардани Фаридуни Хайруллозодаро бардоштанаш мазаммат карда, навиштаанд, шояд расонаӣ кардани ин паҳлуи масъала ба наздикони марҳум хуш наояд ва ба болои захмашон намак бипошад. Вале Орзу Исоев посух додааст, ки баракс, бояд ҳамин қазия низ ҳамаҷониба таҳқиқ шавад. Aфсона Рустам, продюсер ва модари овозхонҳои ҷавон Меҳринигори Рустам ва Сафармуҳаммади Рустам низ ба тарафдорӣ аз Орзу Исо навиштааст, “Орзуҷон, пайгирӣ кардан лозим, то гунаҳкорон бе ҷазо намонанд!”

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, аз марги Фаридун аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабардор шудааст ва агар худкушӣ бошад, сабабу омилҳояшро маълум хоҳанд кард.

Ва аммо Зулайхо Тошева, яке аз наздикони марҳум, ки барои видоъ ба манзили волидони Фаридун ба кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе омада буд, сарусадоҳо дар бораи худкушии ӯро бесос хонда,  ба хабарнигорон гуфтааст, “гуфтанд, аз бемории дил шудааст. Фаҳмидем, ки дирӯз дар як маъракаи тӯй будааст”.

Озодӣ хабар дод, ки модари Фаридуни Хайруллозода дар Русия будааст ва азбаски ӯ дар роҳ ба Душанбе қарор дошт, маросими намози ҷанозаи писари ҷавонмаргашро то соати ҳафти бегоҳи 12 август ба таъхир гузоштаанд, то ки модар бори охир рӯи ҷигарбандашро дида тавонад.

Тавре пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан хабар дод,  Фаридун Хайруллозода, журналисти ҷавони тоҷик ва мудири кулли шабакаи радиоии “Авторадио Тоҷикистон” субҳи 12 август дар синни 28 аз олам чашм пӯшид. Чанде аз дӯстону ҳамкорони Фаридун хабар доданд, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз маргаш, шоми 11 август ӯ дар эфир буд ва дар “Авторадио” барнома мебурд.

“Бо ҳамон шӯру ҳаяҷони ҳамешагие, ки дошт, барномаро пеш мебурд ва ягон аломате дида намешуд, ки мариз аст. Касе гумон ҳам намебурд, ки баъди чанд соат хабари маргаш ҳамаи моро ғарқи мотам мекунад”, гуфт дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” яке аз дӯстони Фаридун.

Хайруллозода Фаридуни Мансур 22 апрели соли 1994 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, риштаи иқтисодии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм карда буд. Ҳамагӣ 11 сол дошт, ки  барномаҳои бомдодиро дар шабакаи телевизиони кӯдакони “Баҳористон” пеш мебурд. Соли 2009, вақте ҳамагӣ 15 сол дошт, алакай ба ҳайси муҷрии барномаҳои бомдодии шабакаи телевизионии “Сафина” ба кор сар кард. Фаридун баъдан дар радиои “Ватан” чанд барномаро пеш мебурд ва соли 2018 ба ҳайси мудири радиои “Ҳамсадо” ба кор сар кард. Ахиран Фаридун Хайруллозода ба ҳайси мудири кулл ба “Авторадио Тоҷикистон” гузашт.

Фаридун дар баробари роҳбарӣ ба кори “Авторадио” чанд барномаро дар ин шабакаи радиоӣ ба ҳайси муҷрӣ (радио-ҷей) пеш мебурд ва ҳамчунин ба ҳайси муҷрӣ дар тӯйҳои мардум ва шабнишиниҳои ширкатҳову корхонаҳо низ хидмат мекард.

Фаридун Хайруллозода соли 2017 ҷоизаи “Беҳтарин блогери Тоҷикистон” шуда буд.

Фаридун Хайруллозода дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хеле фаъол буд ва дар ВордПресс низ блоги худро дошт.  Аз саҳифаҳояш бармеояд, ки Фаридун дар сар орзуву нақшаҳои зиёд дошт ва ҳеҷ гумон надошт, ки дар синни ҳамагӣ 28 ҷавонмарг мешавад.

Садҳо нафар аз марги ин журналистдар чунин синни ҷавон изҳори андӯҳ карда, барояш охирати обод орзу кардаанд Яке аз дӯстонаш дар сӯги Фаридун ин дубайтии машҳурро коштааст:

Фалак, моро накуш, мо навҷавонем!

На шодӣ дидаем, на шодмонем!

Бирав аз кӯчаи пирон гузар кун!

Агар навбат расад, мо худ равонем

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button