ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои БадахшонҲуқуқи инсон

ЯК СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОЗОДИИ ДУ ЖУРНАЛИСТИ ПОМИРӢ УЛФАТХОНИМ МАМАДШОЕВА ВА ХУШОМ ГУЛЯМРО ТАЛАБ КАРД

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) рӯзи 11 августи соли 2022 дар як изҳорот гуфт, мақомоти Тоҷикистон бояд журналистон Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев, мутахаллис ба Хушом Гулямро билофосила озод карда, ҳама иттиҳомоти зидди онҳоро бекор кунанд ва таъқиботи пинҳонии журналистонро бас кунанд. Интизор меравад, мурофиаи додгоҳии ҳарду алакай рӯзҳои наздик шурӯъ шавад.

Ҷодӣ Гинзберг, президенти Кумитаи дифоъ аз журналистон дар қароргоҳи марказии ин созмони байналмилалӣ дар шаҳри Ню-Йорк гуфт: “Мақомоти Тоҷикистон бояд Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаевро озод карда, иттиҳомоти зидди онҳоро бекор кунанд ва пардаи асрорро аз рӯи парвандаҳои онҳо аз байн бардоранд”.

Ӯ афзуд, “журналистони помирӣ ва ҳамаи журналистон дар Тоҷикистон бояд имкони озодона анҷом додани кори худ дар баробари амалиёти ҳукумат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дошта бошанд”.

Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Улфатхоним Мамадшоева ва Хушрӯз Ҷумъаев боз дастикам 4 журналисти дигар дар ҳабс қарор доранд: Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода. Кумитаи дифоъ аз журналистон қаблан озодии он 4 журналисти тоҷикро ҳам талаб карда буд, вале Душанбе ба даъвати ин созмон гӯш надод.

Улфатхоним Мамадшоева, журналист ва ҳомии ҳуқуқи зодаи Бадахшонро кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон субҳи 18 май дар хонааш дар шаҳри Душанбе дастгир карда, манзили ӯро кофтукоб карданд. Хушрӯз Ҷумъаев, ки бо тахаллуси Хушом Гулям маъруф буд ва масъули умури фарҳанг ва ахбори сомонаи Pomere.info буд, рӯзи 19 май низ дар Душанбе аз сӯи кормандони УБОП дастгир шуд.

Танҳо рӯзи 15 июл, қариб ду моҳ баъди боздошташ, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ба зидди Мамадшоева барои роҳбарии “як қисми гуруҳи ҷиноӣ” дар Бадахшон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси моддаи 187 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 15 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Боздошти ӯву Хушом Гулям дар  ҳоле сурат гирифт, ки мақомоти Тоҷикистон бо мақсади саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон амалиёти ҳарбиро бо номи “амалиёти зиддитеррористӣ” ба роҳ андохтанд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шарқи Тоҷикистон асосан мардуми помирӣ зиндагӣ мекунад, ки ҳам аз лиҳози забон ва ҳам аз лиҳози мазҳаб аз боқӣ сокинони ин ҷумҳурӣ фарқ мекунанд. Кумитаи дифоъ аз журналистон мегӯяд, асноди ҷамъовардааш баёнгари он аст, ки мақомоти Тоҷикистон журналистонро барои инъикоси ҷараёни саркӯби эътирозҳо дар Бадахшон таъқиб мекунад.

То 11 август мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти Хушом Гулямро расман ягон шарҳ надодаанд. Дар хабарҳо гуфта мешуд, ки ӯро гӯё ба даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ айбдор мекунанд. Моддаи 307 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ин то 15 сол ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Манобеи огоҳ аз ин ду парванда ба Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтаанд, мақомот парвандаҳои ҳарду журналистро муҳри махфӣ зада, аз адвокатҳои онҳо забонхат гирифтаанд ва аз ин рӯ, на расонаҳо ва на хешовандони Мамадшоева ва Ҷумъаев дар бораи иттиҳомоти ба зидди онҳо эълоншуда ягон маълумоти дақиқ ба даст оварда наметавонанд.

Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд, Мамадшоева ва Ҷумъаев барои чанд тарҳи фарҳангию матбуотӣ ва лингвистӣ дар Бадахшон кор мекарданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи ҳароити иҷтимоию сиёсӣ дар ин минтақаи мухтор мақолаҳо менавиштанд.

Рӯзи 17 май ВКД Тоҷикистон дар як изҳорот Улфатхоним Мамадшоеваро дар баробари чанд нафари дигар ба  “ташкили эътирозҳои ғайриқонунӣ дар Хоруғ” айбдор кард. Мамадшоева, ки ҳанӯз дар озодӣ қарор дошт, дар суҳбат бо хабаргузории “Фарғона” ин иттиҳомро “комилан сафсата” номида буд.

Субҳи 18 май, соати 8:00, ӯ дар хонааш дастгир шуд ва рӯзи 24 май телевизионҳои давлатии Тоҷикистон филмеро бо номи ”Шикасти фитна” намоиш доданд, ки дар он Мамадшоева ва шавҳари собиқи ӯ генерал Холбаш Холбашев  эътироф мекунанд, ки гӯё ҳамроҳ бо лидерҳои маҳаллӣ мехостанд дар Бадахшон бетартибиҳо ташкил кунанд. Дар филм Мамадшоева ҳамчунин ба гирифтани пул аз хориҷа “бо мақсади ба ҳам задани сохти давлатдории Тоҷикистон” айбдор мешуд. Хабарнигорони маҳаллӣ ба шарти набурдани номашон ба Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфтаанд, ки Мамадшоева ва Холбашев таҳти фишор эътирофи гуноҳ кардаанд.

Субҳи 19 май як нафар худро устои барқ гуфта, дари хонаи Хушрӯз Ҷумъаевро кӯфт. Вақте ки журналист дарро кушод, кормандони мақомот вориди хона шуда, дастони ӯро тоб дода, ба берун бароварданд ва ба як мошин бор карда бурданд. Танҳо баъди 5 рӯз наздикони журналист хабар ёфтанд, ки ӯро кормандони УБОП дастгир кардаанд.

Рӯзи 23 май Хушом Гулям барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Яке аз дӯстонаш ба Кумитаи дифоъ аз журналистон гуфт, ки ӯ баъди ҳабси Мамадшоева нигарон буд, ки акнун навбати ӯст, вале мегуфт, ягон кори ғайриқонунӣ накардааст.

Кумитаи дифоъ аз журналистон бо дархости шарҳи парвандаҳои ин ду журналист ба ВКД ва Додситонии кулли Тоҷикистон низ  расман нома фиристодааст, вале то ҳол посухе нагирифтааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button