ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОБОЮ НАБЕРА САВОРИ ДУЧАРХА ДАР РОҲИ НОҲИЯИ БАЛХӢ ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИН МОНДАНД

Рӯзи 11 август, соати 16:30,  як марди  55-солаи дучархарон ҳамроҳи набераи шашсолааш дар роҳи ноҳияи Ҷ.Балхӣ зери чархи мошини “Опел” мондаанд.  Бобо дар ҷои ҳодиса ҷон бозтааст, набераи ӯро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бистарӣ кардаанд.

ххххххххххх

Сокини 42-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки як сокини Душанбе моҳи январ мошини “Мерседес” –ашро 41 500 доллар нарх карда, гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

хххххххххххх

Сокини 30-солаи Ҳисор ба он гуморбар мешавад, ки ҳаз соли 2019 хонаи як сокини Душанберо 40 ҳазор доллар фурӯхта, пулашро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 12 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани дучархарон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

11-уми августи соли 2022, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Хайруллоев Маҳмудҷон Шамсуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар, ба самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ, дар ҳудуди деҳаи Сомониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон Ҷаборов Муродалӣ Сайдумарович, соли таваллудаш 1967 ва набераи хурдсолаш Ҷаборов Абубакр Рамазонович, соли таваллудаш 2016, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа Ҷаборов М.С ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Хурдсол Ҷаборов А.Р. низ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ду ҳолати ошкор гардидани ҷинояти қаллобӣ

04

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022, марди 42-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 41 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта ваъда додааст, ки дар муддати кутоҳ ба ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Мерседес W-222” оварда медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамзамон, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2019, марди 30-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, манзили истиқоматиашро ба маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхта, маблағҳои бадастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Машқи оташнишонӣ дар «Бозори Сафариён»-и шаҳри Душанбе

IMG 9657

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати таъмини бехатарии молу мулки тоҷирону савдогарон аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, ба хусус, ҳолатҳои сӯхтор пайваста тадбиру чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин замина, ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии муштараки тактикӣ-оташнишонӣ дар бозору марказҳои калони савдо ва сари вақт ошкору бартараф намудани камбудиву норасоиҳои зиддисӯхторӣ дар онҳо яке аз омилҳои асосии кафолати ҳифзи ҳаёту саломатии савдогарону харидорон ва таъмини амнияти молу мулки тоҷирону соҳибмулкон аз нобудшавӣ дар оташ ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо ҳамин мақсад, дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Сафариён», воқеъ дар кӯчаи Сино 110-и шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Саидбек Аминов, аз тарафи мутахассисони сарраёсат машқи амалии тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби масъулину дружинаи идоравии оташнишонии бозор ва хадамоту мақомотҳои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.


Бояд қайд кард, ки масоҳати бозор 1,3 гектар буда, дар он 400 мағозаҳо ва 1020 адад дӯконҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Баҳри таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби маъмурият «Бозори Сафариён» бо 2 ҳавзу 3 адад гидрантҳои оташнишонӣ ва 5 сипарҳои сӯхторхомӯшкунӣ таъмин карда шудааст.
Тибқи сенарияи машқи амалии тактикӣ-оташнишонӣ гӯё мағозаву дӯконҳои савдои дохили бозорро дар масоҳати 750 метри мураббаъ оташи кушод фаро гирифта, хавфи паҳншавии бевоситаи он ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст.
Аз ин лиҳоз, то ба ҷойи ҳодиса расидани қувваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳбари Ситоди машқи муштарак майори хизмати дохилӣ Фарҳод Нуриддинов тибқи нақша дар навбати аввал аъзоёни дружинаи идоравии оташнишонии бозорро ба таҳлияи одамону молу маҳсулоти соҳибкорону савдогарон ва пешгирии роҳҳои паҳншавии сӯхтор сафарбар намуд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат 6 адад нақлиётҳои оташнишонӣ ва қуваву воситаҳои зарурии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ ба маҳалли ҳодисаи шартӣ ҳозир гардида, бо ташкил намудани 4 минтақаи муҳорибавӣ сӯхторро дар масоҳати аввалааш хомӯш намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Саидбек Аминов ба машқи муштарак баҳои баланд дода, иштирокчиёни онро бо Ифтихорномаву раҳматномаҳо сарфароз гардонид.
Кор дар ин самт аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД дар дигар бозору марказҳои калони савдои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button