ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ ҲАРБИИ АМРИКО ВА 6 КИШВАРИ МИНТАҚА ДАР ТОҶИКИСТОН (2 АКС)

Рӯзи 10 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон машқҳои ҳарбии муштараки “Ҳамкории минтақавӣ 22” оғоз ёфт. Ин тамринҳо, ки аз ҷониби Фармондеҳии марказии артиши Амрико ИМА ва бо мизбонии Тоҷикистон баргузор карда мешаванд, аз 10 то 20 август давом мекунанд. Рӯзи 10 август дар як маросим сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм иштирокчиёни ин тамринро хайрамақдам гуфтааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, “Ҳамкории минтақавӣ” як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст”.

Дар тамрини шашрӯзаи машқҳои фармондеҳию штабӣ намояндагони Амрико, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбакистон иштирок мекунанд. Ҳамчунин Тоҷикистон ва Амрико як ҷузъи дуҷонибаи панҷрӯзаи тамриноти саҳроиро дар маркази омӯзишии Фахробод баргузор мекунанд.

Сафорати Амрико гуфт, тамринҳо ба самтҳои зерин нигаронида шудаанд:

  • таҳкими амният ва суботи минтақавӣ;
  • баланд бардоштани иқтидор ва ӯҳдадориҳои миллӣ барои боздоштани силоҳи қатли ом, унсурҳои террористӣ ва маводи мухаддир;
  • мусоидат ба рушди қувваҳои мудофиавии минтақавӣ дар амалиёти байналмилалии посдори сулҳ ва табодули иттилоот.

Сафир Поммершайм дар суханрониаш ин тамринҳоро бузургтарин машқи ҳарбии Амрико бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ номид ва гуфт, “Ҳамкории минтақавӣ 22” имкони беназирро барои таҳкими муносибатҳо бо шарикони мо дар минтақа фароҳам меорад.  Тамринҳои мазкур ҳамчун як форум барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ, аз ҷумла вокунишҳои осоишта ба чолишҳои глобалӣ, табодули иттилоот ва ҳамкориҳои амниятӣ хидмат мекунад.”

Қабл аз пандемияи COVID-19, силсилаи машқҳои Ҳамкории минтақавӣ аз соли 2004, ҳамасола дар яке аз кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла дар Амрико, баргузор мешуд. Ду соли ахир ба далели пандемия, ин машқҳо доир нашуд. https://www.facebook.com/usembassy.dushanbe/posts/pfbid0yGrBPjrB9TW5noGy24mZ7jLumHPWvPwuHwqMFfbh1WASvega8fpXXFBmhmFUsYTPl

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button