ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТоҷикистон

МУҲИДДИН КАБИРӢ АЗ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД КУМАК ХОСТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси  ҳизби оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)  дар як номаи саркушода ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутеpреш аз ин созмон хостааст, то ба унвони яке аз кафилҳои сулҳи Тоҷикистон монеи дар Русия, яке аз кишварҳои дигари кафили ин сулҳ, созмони террористӣ эълон кардани ҲНИТ шавад. Кабирӣ аз Милали Муттаҳид ҳамчунин хостааст, барои бозрасии вазъи иҷрои созишномаи сулҳи соли 1997 байни ҳукумат ва мухолифини тоҷик ва натиҷаҳои ин сулҳ як гуруҳи кории вижа таъсис диҳад.

Роҳбари оппозитсияи тоҷик президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба он айбдор кардааст, ки натиҷаҳои сулҳи соли 1997ро “ба нафъи худ ва хонаводааш мусодира намуда, Тоҷикистонро ба як кишвари худкомаи ақабмонда табдил дод. Инчунин, тарафи дигари сулҳро на танҳо дар дохили кишвар саркӯб ва мамнӯъ эълон кард, балки талош дорад, то доманаи ин мамнуъиятро дар сатҳи минтақа восеътар кунад.” Ба ақидаи Кабирӣ, ҷанги Украина Русияро дар шароити танге қарор дода, “фурсатеро ба вуҷуд овард, ки Раҳмон тавонад ин хостаи деринаи худро (дар мавриди манъи фаъолияти ҲНИТ дар Русия) болои Маскав таҳмил кунад.”

Қабл аз манъи фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон дар соли 2015 низ роҳбарони ин ҳизб ба Созмони Милал ба унвони кафили сулҳи тоҷикон муроҷиат карда буданд, то монеи иқдоми Душанбе барои бастани ҳизби наҳзат шавад. Аммо он вақт Созмони Милал ба ин муроҷиат и бузургтарин ҳизби оппозитсионии Тоҷикистон расидагии ҷиддие накард.

Кабирӣ аз он изҳори таассуф кардааст, ки Созмони Милал ва дигар кафилони сулҳ дар вақташ ба манъи фаъолияти ҲНИТ бетафовутӣ зоҳир карданд, ки ба ақидаи ӯ, “оқибатҳои фоҷиабор дошт”.

Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки террористӣ эълони шудани ин ҳизб дар Русия “метавонад оқибатҳои фоҷиабори инсонӣ ва амниятӣ барои даҳҳо ҳазор аъзо ва ҷонибдорони мухолифини тоҷик на танҳо дар Русия, балки дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ дошта бошад”.

Тарафдорони ҳукумат азми мақомоти Русия барои манъи фаъолияти ҳизби наҳзатро истиқбол мекунанд ва онро як пешрафти ҷиддии Душанбе дар таъқиби манфиатҳои сиёсиаш меноманд.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, додситони кулли Русия Игор Краснов дар поёни моҳи июл зимни боздидаш аз Душанбе дар мулоқотҳояш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хабар дод, ки додситонии кулли Русия хостори дар ин кишвар низ “созмони террористӣ” эътироф кардани ҲНИТ шудааст.

Ӯ аз ҷумла рӯзи 25 июл ба президенти Тоҷикистон гуфт: “Мо алакай чунин дархостро дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ фиристодем”.

Рӯзи 26 июл, дар мулоқот Игор Краснов дар мулоқот бо Юсуф Раҳмон низ ба ин мавзӯъ баргашт ва гуфт:  “Вазъи муҳоҷирон ва афзоиши фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон ҳамчунон доғ боқӣ мемонанд. Дар ин робита ман мехостам зикр кунам, ки мо фикри шуморо  дар мавриди дар Русия низ террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо ба инобат гирифтем. Аз ҷумла  ҷамъоварӣ ва таҳияи санадҳо нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Ман дархости марбутаро (дар мавриди ҲНИТ) имзо кардам ва ба додгоҳ фиристодам”.

То баста шуданаш, ҲНИТ бо ҳудуди 44 ҳазор узв дуюмин ҳизби бузурги Тоҷикистон баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба шумор мерафт.

Фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон  моҳи сентябри соли 2015, билофосила баъди саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, қатъ карда шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизби мухолифро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил кард.  Баҳонаи расмии бастани ҲНИТ аз ҷониби мақомот айбдор шуданаш ба раҳбарии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим буд. ҲНИТ ин иттиҳомро ҳамеша рад карда, мегӯяд, ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунӣ шуд.

Аз он замон Душанбе талош дошт, то ба манъи расмии фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишварҳои муттаҳидаш низ ноил шавад, вале ин талошҳояш то кунун натиҷа надода буд.

Русия амалан нахустин кишвар аст, ки ба сурати қонунӣ мехоҳад аз мавзеи Тоҷикистон дар масъалаи ҲНИТ пуштибонӣ кунад. Бисёриҳо бар инанд, ки ба чунин иқдоми Маскав ба сурати ҷиддӣ ва ба муддати тӯлонӣ дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина сабаб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button