ВидеоМуҳоҷирон

ҲУКМИ ЗИНДОНИ АКАЮ ДОДАРИ ТОҶИК БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ДУ ПУЛИС ДАР МЕТРОИ МАСКАВ (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Симонови шаҳри Маскав рӯзи 11 августи соли 2022  ҳукми ду бародар аз Тоҷикистонро, ки ба ҳамла ба кормандони пулиси метрои пойтахти Русия айбдор мешуданд, эълон кард.  Додситонии шаҳри Маскав дар каналаш дар Телеграм хабар дод, ки додгоҳ ин ду бародарро бар асоси қисми якуми моддаи 138 Кодекси ҷиноятии Русия ба истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи давлат гунаҳкор шинохт ва Умар Расулоҷонзодаро ба 3 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ ва бародари калонии ӯ Саидакрам Ҳамроевро ба 2 солу 6 моҳи зиндони низ низомаш умумӣ маҳкум кард. Додситонӣ гуфт, “айбдоршавандагон дар рафти мурофиаи додгоҳӣ гуноҳи худро эътироф карданд”.

Қаблан муовини додситони метрополитени Маскав, ки дар ин мурофиа ба ҳайси айбдоркунандаи давлатӣ иштирок дошт, аз додгоҳ барои ҳарду бародар сесолӣ ҳукми зиндон хоста буд.

Бино ба хабарҳо, шоми 17 феврали соли 2022 кормандони пулис дар истгоҳи “Тулская” Саидакрам Ҳамроев, соли таваллудаш 2000умро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ карда, ӯро ба ҳуҷраи пулис бурданӣ шудаанд. Он мард норозигӣ кардааст ва кормандони пулис ӯро ба замин хобонда, дастонашро ба пушт тоб  додаанд. Дар ҳамин лаҳза, тавре дар сабт дида мешавад, як нафари дигар ба кумаки муҳоҷири дастгиршуда шитофта, бо ҳарду пояш бо шаст яке аз кормандони пулисро зада, аз пой афтонд. Ин нафари дуюм, бино ба хабарҳо, Умар Расулҷонзода, соли таваллудаш 2003 будааст.  

Саидакрамро дар ҷои ҳодиса ва Умарро рӯзи дигар дастгир карданд. Ба акаю додар бар асоси моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Русия барои ҳамла ба пулис то 5 соли зиндон ва сипас депортатсия таҳдид мекард.

Пулиси Маскав видеои бозпурсии Саидакрам ва Умарро нашр карда буд. Умар ҳангоми бозпурсӣ ба ягон савол ҷавоб надода, хомӯширо ихтиёр кард, вале Саидакрам дар шарҳи он ҳодиса гуфт, ӯ ягон муқовимат нишон надода буд. “Пулис дастамро тоб дод ва ман танҳо гуфтам, ки дастатро бигир. Баъди ин часпочасп сар шуд”, нақл карда буд Саидакрам.

Падари онҳо Расулҷон Ҳамроев баъди чанд рӯзи он ҳодиса дар як муроҷиатномаи видеоӣ гуфт, аз коре, ки фарзандонаш дар мулки мусофирӣ карданд, розӣ нест. Расулҷон Ҳамроев гуфт, писари якумаш Саидакрам 21 сол ва дуюмаш Умар ҳамагӣ 18 сол доранд ва Умар, ки бори аввал ба Русия рафта буд, ҳатто намедонист, ки пулисро задан мумкин нест. Падари Саидакрам ва Умар гуфт,  вақте Умар дидааст, ки кормандони пулис бародарашро ба замин хобонданд, номусаш омадааст ва сари қаҳр ба пулис ҳамла оварда, якеи онҳоро бо шатта задааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button