ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

АНҶОМИ МАШҚҲОИ МУШТАРАКИ ӮЗБЕКИСТОНУ ТОҶИКИСТОН ДАР СУРХОНДАРЁ (ВИДЕО+12 АКС)

Рӯзи 10 августи соли 2022 дар вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон машқҳои ҳарбии муштараки нирӯҳои мусаллаҳи Ӯзбекистону Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамдӯстлик-2022” ба анҷом расид. Дар ин рӯз давраи ҷамъбастии машқҳоро вазирони мудофиаи ду кишвар генерал-лейтенант Баҳодур Қурбонов ва генерал-полковник Шералӣ Мирзо,  ҳамчунин ҳокими вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва дигар шахсонм расмӣ назорра мекарданд.

Асрор Рӯзибоев, сухангӯи вазорати мудофиаи Ӯзбекистон хабар дод, ки тибқи сенарияи машқҳо, як гуруҳи душмани шартӣ бо мақсади вайрон кардани марзи ду кишвар дастбакор мешавад, вале ин гуруҳро бо зарбаҳои дақиқи тонку тӯпхонаҳову пулемётҳо аз байн мебаранд.

Вазирони мудофиаи ӯзбеку тоҷик натиҷаҳои машқҳои анҷомшударо бомуввафақият номида, иштироккунандагони онро табрик карданд.

Ёдовар мешавем, Тошканду Душанбе дар давраи раёсати президенти якуми Ӯзбекистон Ислом Каримов дар тӯли беш аз 20 сол муносибатҳои хеле пуртаниши наздик ба ҷанги сардро паси сар карданд. Дар он давра боқимондаҳои нирӯҳои полковники балвогар Маҳмуд Худойбердиев, ки баъди ду шӯриши мусаллаҳонаи ноком ба Ӯзбекистон фирор карда буданд, асосан дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё паноҳ бурда, солҳои зиёде дар ин ҷо қарор доштанд.

Муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон танҳо баъди марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, ки решаҳои аҷдодиаш аз деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) дар шимоли Тоҷикистон аст, рӯ ба гармшавӣ овард. Дар Сурхондарё баргузор шудани машқҳои муштараки нирӯҳои мусаллаҳи ду кишвар, ду артише, ки қаблан рӯи якдигар ҳамчун ба артиши душман ҳисоб мекарданд,  низ аз аломатҳои ин гармшавии муносибатҳо дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button