ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

АКСИ РӮЗ: ИСТГОҲИ ЛОИҚ ДАР ДЕҲАИ ҒӮСАРИ ПАНҶАКЕНТ

Журналисти ҷавону шинохтаи тоҷик Одил Нозир дар саҳифааш дар Фейсбук акси истгоҳеро дар деҳаи Ғӯсар дар канори шаҳри Панҷакент нашр кардааст. Ин истгоҳро “Истгоҳи Лоиқ” ном гузошта, деворҳои шишагини онро бо аксҳои ин шоири забардаст ва пораҳое аз ашъори ӯ зиннат додаанд. Дар маркази ин истгоҳ, болои сари хараке, ки барои мусофирон гузоштаанд,  дар паҳлуи акси шоир ин дубайтиро навиштаанд:

Шоири фарзонаро асру замон

Бар ниёзи хештан меоварад,

Модаре танҳо назояд шоире,
Халқ ӯро баҳри худ меофарад.

Паҳлуи он дубайтие аз Лоиқ дар васфи зебоиҳои зодгоҳаш дар паҳлуи акси шоир дар рӯи сабзаҳо ҳакокӣ шуда ва тарафи рости истгоҳро бо акси дигари Лоиқ Шералӣ бо порае аз шеъри шоҳкори ӯ Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…”  зиннат додаанд. Ҳамин тавр,  дар паҳлуи чапи истгоҳ  дубайтиеро навиштаанд, ки дар мазори Шоир дар оромгоҳи Лучоб низ ҳамин ду байт ҳаккокӣ шудааст:

Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

Бисёриҳо дар зери ин акс барои чунин ташаббуси олӣ ба мақомот ва мардуми Панҷакент, хоса ба аҳли Ғӯсар офарин хондаанд.

Шоири хубамон Раъно Зоирдухт аз ҷумла навиштааст, ки пеши панҷакентиҳо барои чунин арҷгузорӣ аз Шоир сари таъзим фуруд меорад: Ин як ҷаҳди қаҳрамонист барои шинохти шоир! Тоҷик бе шоир чӣ тоҷик аст..? Тоҷик ба ҷаҳон ҳикмат дод, маънавиятро омӯзонд, тамаддунашро оинадорӣ дорад тавассути каломи қаламаш, ки тавоноии қаламаш хуни ҷигараш буду ҳасту монд… Касе ин корро анҷом дод ва тасмим гирифт, ӯ шахси фавқуллодаест, гӯши дилу чашми сиришташ бедор будааст. Сароянда суруд мехонад, маракаободкунӣ дорад. мухлисонашонро ҚОИЛ бо матну мазмунаш мекунанд….аммо он ҳамон сухани дили шоир асту хуни ҷигари муаллиф аст.  ТАЪЗИМ..Таъзим ба панҷакентиҳову ба хиради волояшон!”

Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи  ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, 20 июни соли 2000, дар синни 59 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Лоиқ Шералӣ дар баробари Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир ва Гулрухсор аз забардасттарин шоирони тоҷики нимаи дуюми асри 20 шинохта шудааст.

Лоиқ аз ангуштшумор шоиронест, ки  ҳанӯз ягон китобаш нашр ношуда, Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода, роҳбарони вақти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  вайро соли 1965, вақте ҳамагӣ 24 сол дошт, ба узвияти ин содмони эҷодӣ пазируфтанд. Як шарти асосӣ барои расидан ба узвияти ин созмони мӯътабари адабӣ нашри дастикам ду китоб буд, вале Лоиқи ҳанӯз бекитоб танҳо барои як шеър –“Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам…” узви Иттифоқ шуд. Анъана буд, ки ҳар узви нав бояд намунае аз эҷодиёташро қироат кунад. Лоиқ ҳамон шеъри “Ба кунҷи сандалӣ…”-ро хонд. Қироати шеър дар ҳалқаи бузургони адабиёти тоҷик шоири ҷавонро дар арақ тар кард, вале шеъраш ҳамаро чунон ба ваҷд овард, ки муовини вақти раиси Иттифоқи нависандагон Боқӣ Раҳимзода аз ҷо баланд шуду ӯро ба оғӯш кашид ва ин байтро хонд:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Аз Лоиқ Шералӣ чандин китоби шеър, аз ҷумла «Сари сабз» (соли 1966), «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил (ба хати ниёкон, 1974), «Хоки Ватан» (1975), «Резаборон» (1976), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Ҷоми саршор» (1991), «Ману дарё» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Гулчине аз ашъори устод Лоиқ Шералӣ» (Теҳрон, 1994), «Дасти дуои модар» (Исфаҳон, 1995), «Фарёди бефарёдрас» (1997, 2003), «Рӯҳи Рахш» (Теҳрон, 2000), «Куллиёт» (2001, 2008), «Ангораҳо» (2001), «Мунтахаби ашъор» (2004), «Девони дил» (2007), «Девони пирӣ» (2008), «Девони замон» (2011), «Саду як ғазал» (2013), «Илҳом аз «Шоҳнома» (2014) ба ёдгор мондаанд.

Тарҷумаи ашъори Сергей Есенин аз ҷониби Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир ба сари худ яке аз намунаҳои шоҳкори тарҷумаи бадеӣ ба забони тоҷикӣ эътироф шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button