ВидеоДин ва боварҳоРӯйдодҳои Бадахшон

ПАРКИ ОҒОХОНРО ДАР ХОРУҒ ОЁ ДАВЛАТӢ КАРДАНД? (9 АКС)

Канали Pamir Daily News, ки рӯйдодҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, ахиран бо такя ба “чанд манбаи огоҳ аз маъмурияти вилоят” хабар дод, ки “парки шаҳри Хоруғро, ки ба Бунёди Оғохон тааллуқ дошт, ба фоидаи давлат мусодира кардаанд”.

Ин нашрия тафсилоти дигар надодааст. Мақомоти Тоҷикистон ва Бадахшон ва ҳамчунин сохторҳои Оғохон дар ин бора расман изҳори назар накардаанд. Вале бо гузашти ду рӯз аз нашри хабари “давлатӣ” шудани парки Оғохон, касе аз мақомот онро расман рад ҳам накардааст.

Хабари аз Бунёди рушди Оғохон (AKDN) гирифтани парки Хоруғ дар ҳоле нашр мешавад, ки бино ба иттилои дарёфтӣ, баъди саркӯби эътирозҳо дар Бадахон сохторҳои марбут ба раҳбари рӯҳонии  исмоилиёни ҷаҳон дар Тоҷикистон таҳти фишори сахти мақомот қарор гирифтаанд ва бисёриҳо тарс доранд, ки ба онҳо низ хатари “давлатӣ” кардан таҳдид мекунад.

Боғи воқеъ дар маркази шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшонро ҳанӯз соли 2003, дар давраи раиси ин вилоят будани Алимамад Ниёзмамадов ба ихтиёри Бунёди рушди Оғохон дода шуд. Моҳи октябри соли 2009 Бунёди Оғохон расми гушоиши ин боғро дар пайи таҷдиду бозсозӣ ва табдили он ба як парки муосир баргузор гардид. Бунёди Оғохон ҳамон вақт гуфта буд, ки барои бозсозии парки Хоруғ беш аз 4 миллион доллар сарф кардааст, вале онҳо кӯшиш кардаанд, то зимни бозсозӣ вижагиҳои иқлимӣ ва ландшафти ин минтақаи кӯҳистониро ҳифз кунанд.

потратил десятки миллионов на создание современного парка на этой территории.

“Тарҳи парк аз вижагиҳои иқлим ва ландшафти ин минтақа ва ҳамчунин аз ниёзмандии сокинон ба як боғи ҷамъиятие маншаъ мегирад, ки мардум битавонад дар сояи он паноҳ барад. Мақсад ҳифзи ҳама чизи беҳтарини ин боғ ва ба таври эҷодӣ  таҷдид кардани муҳити он — сангу обу гулҳо ва дарахтони боғ буд. Парки Хоруғ бо қаҳвахонаю чойхона ва театр дар зери осмони кушод ва бо ҳавзи худ ба як  парки такмилшудае табдил дода шуд, ки барои тамоми сокинони шаҳр пешбинӣ шудааст “,- гуфта мешавад дар муаррифиномаи ин парк дар сомонаи Бунёди рушди Оғохон.

Дар поёни моҳи июл нашрияи англисизабони Eurasianet.org, ки масоили АвроОсиё, аз ҷумла таҳаввулоти Осиёи Марказиро пайгирӣ мекунад, дар як матлаби муфассал дар бораи дар Тоҷикистон таҳти фишор қарор гирифтани муассисаҳои марбут ба раҳбари рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони чорум хабар дода, навишт, ин фишорҳо дар пайи таъқиботи зидди пайравони Оғохон дар Помир сурат мегирад. Дар матлаб аз ҷумла гуфта мешуд, ки ширкати мухобиротии “ТСелл” ва Бонки якуми хурди молиявӣ таҳти тафтишҳои ногаҳонии мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтаанд ва нигароние вуҷуд дорад, ки ин сохторҳои тиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои Оғохон дар Тоҷикистон зери хатари “давлатӣ” шудан қарор гирифтаанд.

Чанде пеш хабар омада буд, ки вазорати маориф метавонад литсейи Оғохонро ҳам дар Хоруғ бубандад.  Вале бино ба охирин иттилои Pamir Daily News“баъди сарусадо пайдо карданаш масъалаи бастани литсейро ба муддати номаълум ба таъхир гузоштаанд.

Шоҳзода Карим Оғохони IV 85 сол дорад ва аз соли 1957, инак 65 сол боз раҳбари рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон ба шумор меравад. Аксари сокинони Бадахшон низ  пайрави мазҳаби исмоилӣ буда, Оғохонро пешвои мазҳабии худ мешуморанд. Вале мақомоти Тоҷикистон, ки парастиши шахси президент Эмомалӣ Раҳмонро таблиғ мекунанд, ба арҷу эҳтироме, ки сокинони Помир ба Оғохон ҳамчун пешвои динияшон мегузоранд, рашк мекунанд.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифодааз нирӯҳои мусаллаҳи “спетсназ” саркӯб карданд. Мақомот ҳалокати 16 нафарро тасдиқ карданд, вале Созмони Милал алакай дар рӯзҳои аввали шурӯи амалиёти махсус аз ҳалокати беш аз 40 нафар дар ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд. Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи боздошти беш аз 120 нафар аз зодагони Бадахшон хабар додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button