ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

НАРХИ ЧИПТАИ ҚАТОРИ РОҲИ ОҲАНИ КӮЛОБ – ВОЛГОГРАД ЭЪЛОН ШУД: ПЛАТСКАРТ – 1580, КУПЕ – 2040 СОМОНӢ

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи вижа дар сомонаи расмии вазорат нархи  сафар бо қатори роҳи оҳан то Русияро эълон кард. Равуои қаторҳои мусофиркаш байни Тоҷикистону Русия аз 16 август, яъне алакай аз рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад ва нахустин қатор байни якуним соли танаффус мусофиронро аз шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон то шаҳри Волгогради Русия хоҳад бурд.

Вазорати нақлиёт дар иттилоияш гуфт:

“Арзиши билет дар қатораҳои мусофирбарии байналмилалии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград дар  вагонҳои  платскартӣ – 1580 сомонӣ (наздики 150 доллар), дар  вагонҳои купе –   2040 сомонӣ (қариб 200 доллар), муқаррар гардида, дар дигар хатсайрҳо ҳам дар мувофиқа бо кишварҳое, ки  қатора сарҳадашонро убур мекунад нархи билет муайян карда мешавад”.

Барои муқоиса нархи парвоз ба Русия бо ҳавопаймоҳо тақрибан аз 4 ҳазор сомонӣ шурӯъ шуда, то ҳадди 7 ҳазор сомонӣ мерасад.

Русия ҳаракати қаторҳои мусофиркаш бо Тоҷикистонро моҳи марти соли 2020, ба далели пандемияи коронавирус манъ карда буд.

Ҳаракати ҳавопаймоҳо байни ду кишвар алакай аз 1 апрели соли 2021 аз сар гирифта шуд, вале барқарор кардани ҳаракати қаторҳои мусофиркаш якуним сол тӯл кашид.

Тибқи тавофуқи байни ду кишвар, қарор аст, аз 16 август ҳаракати қаторҳои мусофиркаш дар хатсайри Кӯлоб – Волгоград, аз 27 август дар хатсайри Душанбе – Волгоград ва аз 7 сентябр дар хатсайри Хуҷанд- Волгоград ба роҳ монда шавад.

Нархи сафар бо қатори роҳи оҳан барои муҳоҷирони корӣ арзонтар аст, вале онҳо барои расондани худ ба дигар минтақаҳои Русия маҷбур мешаванд, аз қатору ҳавопаймоҳои дохилии Русия истифода кунанд. Барои мисол, аз Волгоград то Маскав тақрибан 1000 километр, то Екатеринбургу Санкт Петербург, ду масири дигари умдаи сафари муҳоҷирони тоҷик, ҳудуди 1700 то 1750 километр роҳ аст.

Фосилаи байни Душанбею Волгоград беш аз 3100 километрро ташкил медиҳад. Сафар бо қатор то Волгоград аз Тоҷикистон дуюним шабонарӯзро дар бар мегирад.

Бино ба охирин омори нашршудаи ҷониби Русия, дар нимаи аввали соли ҷорӣ 852 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон бо мақсади кор ба Русия омада, дар ниҳодҳои муҳоҷирати ин кишвар худро ҳамчун муҳоҷири корӣ сабти ном кардаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар нимаи аввали сол  ҳамагӣ 322 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик барои кор ба хориҷ рафтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button