Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ РОНАНДАИ “СПРИНТЕР” БАРОИ БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТИ ПИРАМАРДИ МУСОФИР

Маркази матбуоти милитсияи шаҳри Душанбе рӯзи 10 августи соли 2022 хабар дод, ки як ронандаи мошини “Мерседес Спринтер” барои беэҳтиромӣ нисбат ба як пирамард  боздошт шуда, бо қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Бино ба иттилои милитсия, санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба муносибатҳои дағалона бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи мошин тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 06 54 АВ 07 нашр гардид. Корбарон амалҳои ронандаро маҳкум намуда, аз мақомоти милитсия хостаанд, ки нисбат ба ӯ чораҳои қонунӣ андешанд.

Кормандони милитсия муайян кардаанд, ки рониндаи ин мошин  шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло Раҳматуллоевич, санаи таваллудаш 20.09.1997, сокини ноҳияи Восеъ мебошад.

 “Ваҷҳҳои дар муроҷиати мазкур зикргардида пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, исботи худро ёфтаанд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии 0654АВ07, ки дар мошини мазкур мавриди истифода қарор дошт, ба дигар нақлиёт тааллуқ дошта, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло дар баробари истифодаи рақамҳои қайди давлатии бегона, ҳамзамон бе иҷозатномаи дахлдор ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидааст”, гуфта мешавад  дар иттилоияи милитсияи пойтахти Тоҷикистон.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, бо қарори  додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ӯро барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон  барои 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд.

10-шабонарӯз ҳабси ронандаи «Спринтер» барои беэҳтиромӣ нисбати пирамарди мусофир

  Санаи 6-уми августи соли ҷорӣ, дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба муносибатҳои дағалона бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07 нашр гардид. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ амалҳои ронандаро маҳкум намуда, дар ин замина аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.


  Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Спринтер», рақамҳои қайди давлатиаш 0654АВ07, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло Раҳматуллоеивич, санаи таваллудаш 20.09.1997, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ мебошад.


  Ваҷҳҳои дар муроҷитаи мазкур зикргардида пурра мавриди санҷиш қарор дода шуда, исботи худро ёфтаанд. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии 0654АВ07, ки дар автомашинаи мазкур мавриди истифода қарор дошт, ба дигар нақлиёт тааллуқ дошта, шаҳрванд Ғоибов Наҷибулло дар баробари истифодаи рақамҳои қайди давлатии бегона ҳамзамон бе иҷозатномаи дахлдор ба хизматрасонии мусофиркашонӣ машғул гардидааст.
  Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.
  Ҳамзамон дар асоси Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button