ВидеоЧеҳраҳо

ВИДЕО АЗ МАРОСИМИ ВИДОЪ БО АСЛИДДИН ДОСТИЕВ, ЖУРНАЛИСТИ ҲАҚИҚАТҶӮИ КӮЛОБ

Рӯзи 9 августи соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб маросими видоъ бо Аслиддин Достиев, журналисти шинохтаи тоҷик ва бародари муассиси ҳафтаномаи “СССР” Сайёфи Мизроб доир шуд. Ҳамкасбонаш тобути Аслиддин Достиевро дар саҳни майдон гузошта, ҳар кадом дар васфи хидматҳои ӯ  суханронӣ карданд. Дар дасти аҳли маросим нашрияҳои “СССР” бо акси журналисти марҳум дида мешуд. Як рӯзнома бо акси акаи Аслиддинро дар рӯи тобуташ низ гузошта буданд.

Сӯҳробшоҳи  Фаррухшоҳ, журналисти шинохтаи муқими Кӯлоб аз ҷасорати Аслиддин Достиев дар бардоштани масъалаҳои доғ ёдовар шуд ва гуфт, ӯ даст ба масоиле мезад, ки ҳатто дар пойтахт аз гуфтанаш метарсиданд.

Сайёфи Мизроб, бародари Аслиддин Достиев, аз он ёдовар шуд, ки ба марҳум чандин бор мақомот мансабҳо пешниҳод карданд, то бо гирифтани ягон курсӣ қаноат варзида, аз гуфтани дарди мардум дигар даст бикашад. “Вале ӯ ба сухан ва ба мардум хиёнат накард, вазифа нагирифт ва ба гуфтани ҳарфи ҳақ то дами марг идома дод”, гуфт Сайёфи Мизроб.

Аслиддин Достиев, рӯзи 8 августи соли 2022 дар синни 64 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, акаи Аслиддин 4 рӯз қабл ба иллати сӯрох шудани меъдааш бистарӣ шуда буд ва баъди ҷарроҳӣ худро хубтар ҳис мекард. Вале нимаи дуюми рӯзи 8 август қалбаш ба таври ногаҳонӣ аз тапидан бозмонд ва ин устоди журналистони минтақаи Кӯлоб даъвати Худояш лабайк гуфт ва ба олами улвӣ пайваст.

Аслиддин Достиевро ҳама:  чӣ хурду бузург, чӣ аҳли қалам ва чӣ аҳли мансаб дар шаҳру минтақаи Кӯлоб бо эҳтиром акаи Аслиддин ва Бобои Эшон ном мебурданд ва дар шаҳру минтақаи Кӯлоб барои ҳақиқатҷӯиву ҳақиқатгӯӣ ва ҷасорати беҳамтояшон дар баробари асосгузори “Пайк”, ягона нашрияи мустақил дар минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон, акаи Аслиддинро ҳам мушкетёрҳои Кӯлоб ном карда буданд. Аслиддин Достиев дар воқеъ дар тӯли чандин даҳсола, ҳанӯз аз замони султаи беҳудуди ба ном “боевикҳо” ҳамчун як улгуи журналисти ҳақиқатҷӯ дар Кӯлоб ном бароварда буд ва то дами маргаш ин парчамро аз даст надод.

Акаи Аслиддин дар ҳоле аз дори ин дунё рафт, ки  2 рӯз баъд дар хонааш бояд тӯй медод. Меҳмонон ҳама алакай ба тӯй даъват шуда буданд. Бехабар аз ин ки  ба ҷои тӯю хурсандӣ ба маросими мотами акаи Аслиддин хоҳанд  расид, ба ҷои маҷлиси созу тараб дар хонаи ӯ анҷумани мотам хоҳанд оросту ба ҷои сӯру шодӣ сӯгу нола гӯши фалакро дар ин хона кар хоҳад кард.

Худованд шоистаи Ҷаннат гардонадат, акаи Аслиддин! Равонат шод ва охиратат обод бод!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button