ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ТУРСУНЗОДА ТЕЛЕФОНИ “АЙФОН 13 ПРО МАКС”-РО АЗ ДАСТИ ЯК ЗАН БА ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТААСТ

Марди 44-солаи сокини шаӽри Турсунзода ба он гумонбар мешавад, ки тарафҳои бегоҳи 5 август, тахминан соати 19:00 як зани 39-солаи сокини Турсунзодаро латтукӯб карда, бо зӯрӣ телефони гаронбаҳои “Айфон 13 Про Макс”–ро аз дасташ кашида гирифтааст.

хххххххххххххххххх

Марди 50-солаи сокини ноӽияи Ҷайҳун ба он гумонбар мешавад, ки ҳанӯз моҳи ноябри соли 2020  бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини ҳамин ноӽия даромада, барои тиҷорат аз ӯ 30 ӽазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 1-сол бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 9 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Даст ба ғоратгарӣ задани марди 44-сола

034.jpg

Ӽангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаӽри Турсунзода ӽамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 5-уми августи соли 2022, тахминан соати 19:00 зани 39-солаи сокини шаӽри мазкурро, зери латту кӯб қарор дода, бо роҳӣ зӯроварӣ аз дасташ як адад телефони мобилии тамғаи “Айфон 13 Про Макс”–ро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонида шуда 16 ӽазору 300-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ӽолати мазкур тафтишот идома дорад.

Ба даст афтодани марди қаллоб

008

Ба ШВКД-2 дар ноӽияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ноӽияи Ҷайҳун муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020 марди 50-солаи сокини ноӽияи мазкур бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, барои тиҷорат аз ӯ 30 ӽазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар муддати 1-сол бармегардонад, аммо то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба ин ӽолат тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button