ВидеоМуҳоҷирон

РУСИЯ 13 ҶУСТУҶӮШАВАНДАРО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД (РӮЙХАТТИ ПУРРАИ НОМ БА НОМ)

Додситонии кулли Русия рӯзи 9 августи соли 2022 хабар дод, ки 13 нафари таҳти ҷустуҷӯро дар қаламрави Русия дастгир карда, барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашондан ба мақомоти Тоҷикистон супурдааст. Додситонии кулли Русия гуфт, дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди тин 13 нафарро қонеъ гардонда,  қарори истирдоди ҳамаи онҳоро баровардааст ва дар пайи ин мақомоти Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (приставҳо) ин 13 нафарро бо риояи қонуну қавоиди лозим ба ҷониби Тоҷикистон таслим кардаанд.

Дар байни ин 13 нафар аз ҷумла Зафар Қурбоналиев ба дуздии беш аз як миллион сомонӣ ва маблағҳои бузург бо асъори хориҷӣ аз “Тавҳидбонк”, ягона бонки исломии Тоҷикистон айбдор мешавад. Фармондеҳи взвод лейтенант Ҷом Гурезовро ба он айбдор мекунанд, ки макони хидматашро худсарона тарк кардааст. Муллоҳаким Султонов, бино ба иттилои додситонии Русия, узви фаъоли созмони террористии ДОИШ будааст. Аммо аксари истирдодшудаҳо, ба мисли Қурбоналиев барои қаллобӣ ба маблағҳои бузург дар ҷустуҷӯ қарор доштаанд.

Додситонии кулли Русия рӯйхатти пурраи ин 13 нафари ба Тоҷикистон истирдодшуда ва ҳамчунин нукоти асосии парвандаҳояшонро низ нашр кардааст:

  1. Ҷамшед Атоев ба он айбдор мешавад, ки 13 июни соли 2011дар шаҳри Душанбе ба шарикони худ қариб 6 кило маводи мухаддири навъи афюн додааст. Яке аз шарикони ӯ ҳамон вақт аз ҷониби мақомот дастгир шуда буд.
  2. Муҳсинҷон Раҷабов ба он айбдор мешавад, ки моҳи сентябри сол 2011 дар  Хуҷанд ба як шарикаш барои фурӯш беш аз як кило ҳероин додааст.
  3. Зафар Қурбоналиев ба он айбдор мешавад, ки аз 25 феврал то 4 майи соли 2021, ҳангоми ба ҳайси мудири маркази хидматрасонии бонкии “Тавҳидбонк” кор карданаш, 1 миллиону 36 ҳазору 88 сомонию 79 дирам, 89 ҳазору 561 доллар, 7 ҳазору 709 евро ва 205 ҳазору 500 рублро аз они худ карда, ба бонк зарари бузург расондааст.
  4. Шоҳинҷон Нуров ба он айбдор мешавад, ки  аз соли 2018 то 2019 аз ширкати “Ноқили Талко” ба маблағи 154 ҳазор сомонӣ маҳсулоти ба ӯ боваркардашударо дуздидааст.
  5. Имомалӣ Розиқов ба он айбдор мешавад, ки аз 14 апрел то 15 апрели соли дар Душанбе бо баҳонаи табодули асъори хориҷӣ 165 ҳазору 500 доллари муштариёнро дуздидааст.
  6. Мақсуд Холдорбеков ва
  7. Ҷамшед Каримов ба қаллобӣ айбдор мешаванд.
  8. Ҷом Гурезов ба он айбдор мешавад, ки аз хидмати ҳарбӣ беш аз як моҳ саркашӣ кардааст. Ӯ, ки фармондеҳи взводи сеюми ротаи тирандози яке аз қисмҳои низомии вазорати мудофиаи Тоҷикистон буд, аз 4 декабри соли 2017 то 4 январи соли 2018 барои давраҳои омӯзишӣ сафарбар шуда буд ва бояд бо анҷоми ин давраҳои омӯзишӣ 7 январи соли 2018 дар қисми низомӣ ҳозир мешуд, вале ӯ бидуни сабаби узрнок ба ҷои хидматаш барнагаштааст.
  9. Мисбоҳидин Абдуллоев ба он айбдор мешавад, ки 18 сентябри соли 2021 аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Нуробод барои хидмати ҳарбӣ даъватнома гирифт, вале ба ҷои ба хидмат ҳозир шудан қаламрави Тоҷикистонро такр кардааст.
  10.  Аҳмадбек Саидов ба он айбдор мешавад, ки 2 майи соли 2007 дар ноҳияи Данғара ҳамлаи ғоратгарона анҷом дода, молу пули ҷабрдидаро ба маблағи 86 ҳазору 250 сомонӣ ба яғмо бурдааст.
  11. Руслан Саидов ба он айбдор мешавад, ки 17 январи соли 2019 дар Маскав барои ду мошин ва то марзи Тоҷикистон бурда, расондани онҳо 35 ҳазор доллар гирифта, харидоронро фиреб кардааст. Ӯ ҳамин тавр, дар поёни моҳи феврали соли 2019 дар Маскав як ҷабрдидаи дигарро низ бо ваъдаи ба ӯ фурӯхтани мошин ва аз ҳудуди Русия берун бурдани он ба маблағи як миллион рубл фиреб додааст.
  12. Ҷамшед Муртазоев ба он айбдор мешавад, ки 1 декабри соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хазинадори як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳамла оварда, сипас  аз сейфи он муассиса 26 ҳзаору 820 сомониро дуздидааст.
  13. Муллоҳаким Султонов ба он айбдор мешавад, ки ба саффи созмони мамнӯи террористии ДОИШ ҳамроҳ шуда, дар фаъолияти ин созмон, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 фаъолияташ манъ шудааст, фаъолона иштирок мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button