ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

АЗ ӮЗБЕКИСТОН ЯКУНИМ МИЛЛИОН ВА АЗ ТОҶИКИСТОН ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН НАФАР БА ҶУСТУҶӮИ КОР БА РУСИЯ РАФТААНД

Бар асоси омори шабакаи аудиторию машваратии FinExpertiza, ки нукоти муҳимашро хабаргузории ТАСС нашр кард, дар семоҳаи дуюми соли 2022 ба Русия 3 миллиону 120 ҳазор муҳоҷири корӣ ворид шудааст. Ин назар ба айни давраи соли гузашта беш аз 30% бештар буда, нишондиҳандаи рекордии семоҳа барои дастикам 6 соли охир шумурда мешавад.

Дуюним миллион, ё 80 фоизи ҷамъи муҳоҷирони корӣ дар Русияро дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ муҳоҷирон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон ташкил додаанд. Ба ҳисоби FinExpertiza, 1 миллиону 540 ҳазор нафар, ё қариб нисфи муҳоҷирони кориро шаҳрвандони Ӯзбекистон ва 952 ҳазор, ё беш аз 30 фоизи онҳоро зодагони Тоҷикистон ташкил додаанд. Дар семоҳаи дуюми сол шумораи муҳоҷирон аз Ӯзбекистон қариб 37 фоиз, ё 416 ҳазор нафар афзуда, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ин давра қариб ду маротиба: яъне 407 ҳазор нафар, ё 74,6 фоиз бештар шудааст.

Ин омори мақомоти Русия 3 маротиба (!!!) бештар аз омори расмии мақомоти Тоҷикистон аст, ки мегӯянд, дар нимаи аввали соли 2022 ҳамагӣ 322 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар барои кор ба хориҷ рафтаанд.

Дар маводи FinExpertiza гуфт мешавад, ки: Дар семоҳаи дуюми соли 2022  дар Русия 4 миллиону 160 ҳазор хориҷӣ дар идораҳои муҳоҷирати маҳалли будубоши худ сабти ном кардаанд. Аз ин шумор 3 миллиону 120 ҳазор нафар, ё 75% хориҷиён ҳадафи сафари худро кор нишон додаанд. Ин баландтарин нишондиҳандаи семоҳа аз соли 2017 ба ин тараф аст”.

Дар семоҳаи дуюми соли 2021 ҳамагӣ 2 миллиону 340 ҳазор нафар, яъне 780 ҳазор муҳоҷири корӣ камтар аз соли ҷорӣ ба Русия муҳоҷири корӣ омада буд. Дар семоҳаи аввали соли 2022 бошад ба Русия алакай 2 миллиону 760 ҳазор муҳоҷири корӣ омада буд.

Камтарин шумораи муҳоҷирони корӣ (ҳамагӣ 330 ҳазор нафар) ба Русия дар семоҳаи дуюми соли 2020 ворид шуда буд. Ин марбут ба маҳдудиятҳое буд, ки Русия ба хотири пешгирӣ аз пандемияи коронавирус ҷорӣ карда буд. Дар семоҳаи дуюми соли 2019 ба Русия якуним миллион муҳоҷири корӣ ворид шуда буд ва натиҷаҳои имсола нишон медиҳанд, ки ҳаҷми воридоти нирӯи корӣ ба Русия имсол ҳатто аз даврони то коронавирус ҳам зиёдтар шудааст.

Президенти шабакаи FinExpertiza Елена Трубникова инро ба таҳкими қурби рубл рабт дода, гуфтааст, ки ин боиси ба Русия рехтани шумори беш аз пеши муҳоҷирони корӣ шуд. “Ба ин пеш аз ҳама ба таври ногаҳонӣ хеле қавитар шудани қурби рубл таъсир расонд. Ин бозори кори Русияро барои хориҷиён ҷаззобтар кард, чунки даромади онҳо бо ҳисоби асъори хориҷӣ афзоиш ёфт. Ба ин тартиб, муҳоҷирон имконоти бештари пулкоркунӣ дар Русия ва ба Ватан фиристодани пули бештарро пайдо карданд”, –  шарҳ додааст Трубникова.

Далели дигар, ба ақидаи роҳбари FinExpertiza, авҷи соҳаи сохтмон дар Русия буд. Аксари коргарон дар соҳаи сохтмони Русияро муҳоҷирон ташкил медиҳанд ва бо вуҷуди буҳрон, мушкили камбуди нирӯи корӣ дар Русия ҳамчунон доғ боқӣ мондааст.

Беш аз 230 ҳазор нафари дигар аз муҳоҷирони корӣ дар Русияро зодагони Қирғизистон, боз як кишвари муҳоҷирфиристи Осиёи Марказӣ ташкил дода, ба Русия барои кор ҳамчунин аз кишваҳои дигаре, чун Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Хитой, Украина ва Молдова ҳам меомадаанд. Гуфта мешавад, саҳми боқӣ кишварҳои дунё дар бозори кори Русия ҳамагӣ 1,7%, ё 54 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар байни онҳо шаҳрвандони кишварҳое, чун  Амрико, Британия, Италия, Олмон, Браҳилия, Чехия, Испания, Полша, Сербистон, Юнон, Канада, Шветсия, Финдландия, Маҷористон, Ветнам, Ҳинду Таиланд ва ҳатто аз Имороти Муттаҳидаи Арабу кишварҳои дигар ҳастанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button