ВидеоИлму фанноварӣЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ АКАДЕМИК ҲАКИМ АХМЕДОВ – ПАЖӮҲИШГАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ ХУРШЕДӢ

Академик Ҳаким Мунавварович Ахмедов, олими шинохтаи тоҷик ва пажӯҳишгари  манбаъҳои барқароршавандаи нирӯ ва энергетикаи хуршедӣ (офтобӣ) рӯзи 8 августи соли 2022 дар синни 74 аз олам чашм пӯшид. Иллати марги донишманди тоҷик гуфта нашудааст. Ҳаким Ахмедов ягона академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар риштаи энергетика буд.

Ҳаким Ахмедов 8 июни соли 1948 ба дунё омада, соли 1971 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси “энергетика” хатм кардааст. Ӯ солҳои 1972—1990 ба ҳайси ходими хурд ва сипас ходими аршади илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи физикаю тезникаи Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Султон Умаров кор карда, солҳои 1990—1995 котиби илӣми шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия ва геологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, солҳои 1995—2000 муовини саркотиби илмии Академия ва аз соли 2001 то 2015 саркотиби илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳакми Аҳмадов аз соли 2014 ба ҳайси муовини мудири Маркази рушди инноватсионии илму технологияҳои навини Академия кор мекард.

Соҳаҳои фаъолиятҳои илмии академик Ахмедов риштаҳое, чун химия ва физикаи нимноқилҳои органикӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар бар мегирифт ва солҳои охир ӯ бештар рӯи масоили энергетикаи хуршедӣ (офтобӣ) таҳқиқот мебурд.

Ҳаким Ахмедов муаллиф ё ҳаммуаллифи беш аз 200 асари илмӣ, аз ҷумла 6 монография ва 7 брошюра буда, барои кашфиёти илмиаш 25 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 7 патент барои навоварӣ ба даст овардааст. Соли 1985 Ҳаким Ахмедов соҳиби унвони “Навовари СССР” низ шуда буд.

Ҳаким Ахмедов соли 1998 унвони доктори илмҳои химияро ба даст оварда, соли 2021 узви вобаста ва соли 2008 узви пайвастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар бахши “энергетика интихоб шуд. Аз соли 2014 узви раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Асарҳо:

1. Ахмедов Х.М., Каримов Х.С. Солнечная электроэнергетика, Душанбе, “Дониш”, – 2007, 179 с.

2. Ахмедов Х.М., Каримов Х.С. Энергетика, основанная на исполӣзовании водорода и топливнҷх элементов, Душанбе, “Дониш”, – 2018, 160 с.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button