ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРИ ПАРВОЗИ КРАСНОЯРСК- ДУШАНБЕ ЭЛЕКТРОШОКЕР ЁФТААНД

Мақомоти боҷхона ё гумруки минтақаи Красноярски русия хабар дод, ки кормандонаш дар фурудгоҳи Красноярск аз бағочи як ҷавони 22-солаи зодаи Тоҷикистон, ки ба Душанбе парвоз мекард, чароғеро пайдо кардаанд, ки метавонад ҳамчун электрошошер низ истифода шавад.

Ин ҷавон мехост аз роҳрави сабзи боҷхона гузарад. Аз ин роҳрав танҳо касоне метавонанд истифода баранд, ки ягон моле барои эълом кардан надоранд.

Кормандони боҷхона ин мусофирро манъ ва бағочи ӯро тафтиш кардаанд. Маълум шудааст, ки ӯ бо худ чароғи электрошокер (фонарь-электрошокер) доштааст. Ташхиси нишон додааст, ки ин мол силоҳ ҳисоб мешавад ва бояд дар боҷхона аз пеш эълом мешуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти боҷхонаи Красноярск, ҷавони тоҷик дар ҷараёни бозҷӯӣ гуфтааст, ки ин молро ҳамчун чароғ харида буд ва ҳатто намедонист, ки онро метавон ҳамчун электрошокер ҳам истифода бурд.

Бо вуҷуди ин, ин чароғи электрошокерро аз дасти ӯ гирифта, нисбат ба вай бар асоси моддаи 16,2 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми риоя накардани маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи ба хориҷи Русия ва Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕАЭС) баровардани молҳо парвандаи маъмурӣ кушодаанд. Ба мусофири тоҷик, ки барои ин чароғи ҷанҷолзо аз сафар монд,  бар асоси ин банди қонун то 2500 рубл ҷарима ва мусодираи электрошокер таҳдид мекунад.

Боҷхонаи Красноярск  бо нашри ин хабар ҳамчунин меъёрҳои гумрукии Русия ва ЕАЭС пиромуни интиқоли пул ва молҳоро ҳамчун ёдоварӣ нашр кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button