ВидеоМуҳоҷирон

ЯК КОРГАРИ ДАР МАСКАВ ҲАЛОКШУДА АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ДУ ТАНИ ДИГАР ҚИРҒИЗ БУДААНД (ВИДЕО)

Наҷотбахшон дар Маскав амалиёти ҷустуҷӯи се коргареро, ки рӯзи 7 августи соли 2022 ҳангоми таъмири як чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарская дар минтақаи Люблино ба чоҳ афтоданд, ба поён расонданд. Шоми 7 август наҷотбахшон ҳарсе коргари дар чоҳ ғарқшударо пайдо карданд. Тафсилоти амалиёти ҷустуҷӯ ҳаз нашр нашудааст, вале қаблан хабар дода буданд, ки нахустин нафар аз ин се коргарро дар ҳудуди боғи Маринский, ягон ду километр поёнтар аз кӯчаи Краснодарская пайдо кардаанд. Мутаассифона, нигарониҳо дар бораи эҳтимолан муҳоҷирон будани ин се қурбонӣ рост баромад. Ин се коргари ҷавони ҳалокшуда, ки солҳои таваллудашон 1999, 2001 ва 2022 будааст, дар ҳақиқат муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ: ду нафараш аз Қирғизистон ва якеи дигар аз Тоҷикистон будаанд.

Додситонии Маскав гуфт, қазияи марги се коргар дар Люблиноро таҳқиқ мекунад. Ҳоло масъалаи кушодани парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба ин ҳодиса дар дасти баррасӣ қарор дорад.

Тавре қаблан хабар додем, рӯзи 7 августи соли 2022, ҳангоми анҷоми корҳои тармимӣ дар як чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарская дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав бар асари боришоти зиёд девори ин чоҳ канда шудааст ва 13 коргар ба дарунаш афтодаанд. 6 нафари онҳо тавонистаанд мустақилона берун шаванд. 4 нафари дигарро наҷотбахшони МЧС, ки ба ҷои ҳодиса омадаанд, берун кашиданд. Се нафари дигарро, мутаассифона, об бурд.

Наҷотбахшон ҳанӯз ҳамон вақт гуфта буданд, ки умедашон ба пайдо кардани онҳо чандон зиёд нест.  “Агар пайдо ҳам кунем, ин мӯъҷиза хоҳад буд. Вале мо то охир ҷустуҷӯяшон мекунем. Агар дар даруни лӯла “кисаҳо” вуҷуд дошта бошаду онҳо дар ин “кисаҳо” паноҳ ёфта бошанд, пас шонси наҷоташон ҳанӯз ҳаст”, – нақли қавл кардааст аз наҷотбахшон Readovka.news.

Бино ба хабарҳо, вазъро дар маҳалли амалиёти наҷот боришоти шадид вазнинтар карда буд. Маҳз боронҳои сахт боиси канда шудани девори чоҳ ва афтидани як бригадаи коргарон шуд, Сабаби дар даруни чоҳ дармондан ва берун баромада натавонистани 3 коргар низ боришот гуфта мешавад, чунки борон сабаби хеле боло рафтани сатҳи об дар даруни чоҳ шудааст ва маҷрои об чунон сахт шудааст, ки се коргарро кашида бурдааст.

Дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав, ки бозорҳои бузургтарини ин шаҳр дар ҳамин минтақа ҷойгир шудаанд, шумори зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ кор мекунанд ва ин нигарониҳоеро ба бор оварда буд, ки коргарони зарардида метавонанд муҳоҷирон бошанд. Дар видеоҳои аз маҳалли ҳодиса нашршуда  дида мешуд, ки дар байни издиҳоми мардуме, ки дар ҷои ҳодиса ҷамъ омада, ба наҷотбахшон кумаки худро пешниҳод мекарданд, бисёриҳо ба забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ва ҷавонео, ки лаҳзаи аз чоҳ берун оварданаш ба дурбини видео афтод, тавре аз сабт дида мешуд, ба забони қирғизӣ ҳарф мезад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button