ТоҷикистонҶомеа

ФОҶИАИ МАҲИНА: ВАҚТЕ ҲАМА ДАРҲОРО БА РӮЯТ МЕБАНДАНД…

Ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеое расид, ки дар он лаҳзаи худро ба дарёи Сорбоғ партофта, худкушӣ кардани як зани ҷавони 23-сола бо номи Маҳина сабт шудааст. Дар сабт дида мешавад, ки ин ҷавонзани модари ҳамагӣ як фарзанди хурдсоли ҳанӯз ширмак ба болои пул (кӯпрук) баромада,  худро ба дарё ҳаво медиҳад. Дар ин видео, ки тавассути видеокамераи мушоҳидавии дар манзили яке аз сокинони маҳаллӣ насбшуда сабт шудааст, дида мешавад, ки Маҳина ҳадди ақал ду дафъа баъди  ба болои панҷараҳои пул баланд шуданаш аз фикраш мегардад ва гашта мефарояд. Вале бори сеюм ӯ худро ба дарё меандозад ва баъди чанде чанд ҷисми наҳифу нозуакаш дар даруни амвоҷи пурхурӯши ин рӯди кӯҳистонӣ гум мешавад…

Маълум шудааст, ки Маҳина, ки як тифли ширхораи нӯҳмоҳа дошт, боз ҳомила буда, тифли батнаш алакай чормоҳа шуда будааст.

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” ба далелҳои ахлоқӣ аз нашри ин сабти видеоӣ худдорӣ мекунад.

Бино ба иттилои манобеи “Бомдод”, рӯзи 6 августи соли 2022 дар пайи муноқишаҳои оилавӣ шавҳари Маҳина ном зани ҷавони сокини деҳаи Хоҷаалии ҷамоати деҳоти ба номи Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт  ӯро талоқ медиҳад. Дар пайи ин хушдоман писари нӯҳмоҳаашро аз дасти Маҳина мегирад ва худашро аз хона меронад.

Зан ба хонаи ҳевараш рафта, бо телефони зани ҳевараш ба падараш, ки дар деҳаи Шингиличи ҷамоати мазкур зиндагӣ мекунад, занг мезанад ва аз қазия падарашро бохабар мекунад. Падари духтар Холмаҳмад аз шунидани ин хабар ғазаболуд шуда, ба духтараш мегӯяд: “Агар мурдӣ, мурдаатро меорам, вагарна барои зиндаат дар хонаи ман ҷой нест!”

 Маҳина аз ин суханони падараш ноумед гардида, телефонро хомӯш намуда, ба дасти соҳибаш медиҳад ва аз онҷо баромада роҳ  ба сӯи дарёи Сорбоғ мегирад.

Дар роҳ зани ҳевари дигариаш Маҳинаро вохӯрда, мепурсад, ки ба куҷо меравӣ? Маҳина мегӯяд: “Шавҳарам бо модараш писарамро аз ман гирифта, маро аз хона пеш карданд”.

Ҳарчанд зани ҳевараш мегӯяд, ки “баргард, ин зиндагӣ аст, нарав, ягон маслиҳат кунед, зиндагиро идома диҳед…”, вале Маҳина ба ӯ бардурӯғ мегӯяд, ки “падару модарам омадагианд, дар назди мағоза мунтазири мананд, канӣ равам, чӣ мегӯянд?”  Зани ҳевараш ба суханони вай бовар карда аз паси кори худ меравад.

Маҳина бошад рафта аз болои пули мошингузар, ки деҳаи Хоҷаалиро ба деҳаи Рувоз пайваст мекунад, худро ба дарё мепартояд. Шоҳидон мегӯянд, баъди ба дарё андохтан тахминан 50 метр об занро бурд ва ҳамин таги об шуду дигар рӯй назад.

Ду рӯз боз кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва сокинон ҷасади Маҳинаро ҷустуҷӯ доранд, вале ҳанӯз пайдо накардаанд.

Султони Абдулвоҳид, шавҳари Маҳина зӯҳри ҳамон рӯзи 6-уми август бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ҳамсараш аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Гуфта мешавад, вай  ин иттиҳомро ба дӯш гирифтааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондан ба худкушӣ аз 3 то 8 соли зиндонро ҳамчун ҷазо муқаррар кардааст.  Аммо танҳо теъдоди ангуштшумори парвандаҳои бо иттиҳоми расондан ба худкушӣ  кушодашуда дар Тоҷикистон то ба додгоҳ мерасанд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Наздикони заноне, ки худкушӣ мекунанд, дар бисёр мавридҳо асосан ба хотири фарзандони ятиммондаи онҳо ба муомила бо тарафи шавҳар розӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button