Нуралӣ Додарбеков, мутриби шинохтаи тоҷик ва яке аз пайравону шогирдони содиқ ва идомадиҳандаи мактаби ҳунарии ҳунарманди шуҳратёр Зафар Нозим, рӯзи 8 августи соли 2022 дар синни 65 дар зодгоҳаш, шаҳри Ҳисор аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора дар Фейсбук овозхони шинохтаи зодаи Ҳисор Фурқат Саидзода хабар дод. Бино ба иттилои ӯ, маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум ҳамин асри 8 август дар шаҳри Ҳисор, дар масҷиди калони воқеъ дар маҳаллаи Белайдуз баргузор мешавад.
“Ёдат гиромӣ, ромишгари ҳунарвару суханвар, мутриби мумтоз ва марди фозилу донишманд, устод Нуралӣ.Ҷанозаи марҳум имрӯз намози аср дар маркази ш.Ҳисор баргузор мегардад”, навиштааст Фурқат Саидзода.
Дар бораи иллати марги ҳунарманд чизе гуфта нашудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, вақтҳои ахир Нуралӣ Додарбеков аз бемории саратон табобат мегирифт.
Нуралӣ Додарбеков 1 деабри соли 1956 дар Ҳисор ба дунё омада, соли 1974 мактаби миёна ва мактаби мусиқии ноҳияи Ҳисорро хатм намудааст. Соли 1974 ба факултаи корҳои маданӣ-маърифатии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда, солҳои 1977-1979 дар артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.
Солҳои 1979-1986 фаъолияташ ба сифати мутриб дар ансамбли рақсии «Зебо» ҷараён гирифта, солҳои 1986-1989 роҳбари мусиқии ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1989-1991 роҳбари мусиқии ансамбли рақсии «Падида», солҳои 1991-1997 директори студияи хурди консертии «Сайидон, 2001-2013 роҳбари мусиқии Филармонияи халқии ш.Ҳисор ба номи Тоҷиддини Муҳиддин ва аз 2013-2020 навозанда, роҳбари мусиқӣ, роҳбари бадеии ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст. Нуралӣ Додарбеков бо даъвати Фурқат Саидзода як сол дар ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов ҳам ба сифати мутриб кор карда буд.
Нуралӣ Додарбеков суруду таронаҳои зиёде офаридааст, ки ҳунармандони шинохтаи кишвар, амсоли Ҳаётой Муъминова («Ошиқам, ошиқ ба рӯят», ш.Лоҳутӣ), Субҳон Саидов («Дил мекашад», ш.Ш.Ёдгорӣ), Фурқат Саидзода («Модар», ш.Ҳадиса), Алишер Қодиров («Наврузӣ», ш.И.Ҷалил), Зебо Ризоева («Бӯса», ш.С.Беҳбаҳонӣ), Ҷовидон Нозимов («Панд», С.Табрезӣ), Саёраи Ҷӯрабек («Тоҷикистон», ш.С.Уроқӣ) иҷро кардаанд. Дар ҳайати дастаҳои ҳунарӣ ба давлатҳои Ҷопон, Эрон, Афғонистон, Туркия, Ҳиндустон, Русия, Ҳолланд, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Уммон сафари ҳунарӣ анҷом додааст. Бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.