МуҳоҷиронҶанг дар Украина

АЗ ҶАНГИ УКРАИНА ЗИНДА ОМАДУ… МАРГИ ФОҶИАВИИ ЯК АФСАРИ ТОҶИКИ АРТИШИ РУСИЯ

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Тайшет24,  субҳи 6 августи соли 2022, соати 8:20 дар шоҳроҳи федералии Р 255 “Сибир” дар наздикии шаҳраки Железнодорожнийи ноҳияи Усолское дар вилояти Иркутски Русия ронандаи 28‑солаи мошини тамғаи “Тойота Королла”, ки ба сӯи Иркутск ҳаракат мекард, ба мошини “Киа Рио”, ки аз самти муқобил меомад, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва мусофири “Киа” дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд. Радиои Озодӣ хабар дод, ки  дар ин садма Меҳрубон Амонов, зодаи Конибодом ва холаи ӯ Нигина Шаропова ҳалок шудаанд. Меҳрубон Амонов ҳамагӣ 22 сол дошта, афсари артиши Русия буд ва тоза аз ҷанги Украина ба рухсатӣ омада будааст. Ҷамъияти тоҷикони Иркутск золо дар пайи ба Ватан фиристодани ҷанозаҳои ин ҷавони тоҷик ва холаи ӯст.

Афсари тоҷиктабори Русия баъди бозгашт аз Украина дар садамае ҳалок шуд

Радиои Озодӣ

Афсари тоҷиктабори артиши Русия, ки аз ҷанги Украина баргашта буд, дар садамае ҳамроҳ бо холааш дар вилояти Иркутск ба ҳалокат расидаанд.

Мошине, ки Меҳрубон Амонови 22‑сола, зодаи шаҳри Конибодоми Вилояти Суғд савор буд, дар роҳи Усол‑Сибири вилояти Иркутск рӯзи 6‑уми августи соли 2022 ба мошини дигар бархӯрдааст.

Меҳрубон ва  холаи ӯ Нигина Шароповаи 44­-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд ва ронандаи мошин, писархолааш бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудааст. Наздикони ин хонавода дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Меҳрубон аз оғози ҷанг дар Украина қарор дошт ва ӯро барои дидорбинии пайвандонаш рухсатӣ дода буданд. Онҳо гуфтанд, ки Меҳрубон дар ҷанги хатарнок зинда монд, вале бо беэҳтиётии як ронанда дар макони амн ҳалок шуд.

Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск, бо тасдиқи ин хабар дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло бо кумаки сафорати Тоҷикистон дар Русия барои интиқоли ҷасадҳо ба ватан омодагӣ мебинанд.

“Ин як ҳодисаи нохуш аст, ки мо тоҷиконро ғамгин кард. Барои ба ватан фиристодан бо кумаки консулгарӣ омодагӣ дорем,”—гуфт ӯ.

Пайвандонашон гуфтанд, ки онҳо шаҳрванди Русия буданд ва солҳо дар ин кишвар зиндагӣ мекарданд.

Дар ҷанги Русия бо Украина садҳо зодаи Тоҷикистон ширкат мекунад. Исми наздик ба 20 нафари онҳо, ки дар ин ҷанг кушта шудаанд, расонаӣ шудааст.

Мақомоти Украина ҳам санадҳоеро нашр кардаанд, ки ширкати садҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанг бо ин кишварро тасдиқ мекунад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, онҳо шаҳрвандони Русия ҳастанд ва бо даъвати ин кишвар ба артиш рафтаанд.

Ҳуқуқи муаллиф (c) 2020. RFE/RL, Inc. Бо иҷозати Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бознашр шудааст. Хиёбони Коннектикут 1201 NW, Ste 400, Вашингтон 20036

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button