АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР ДАВРАИ ТОЛИБОН 3 МАРОТИБА АФЗОИШ ЁФТААСТ!

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон генерал – майор Ҳабибулло Воҳидзода рӯзи 5 августи соли 2022 дар нишасти матбуотиаш гуфт, “таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз моҳи августи соли 2021, яъне баъди ба сари қудрат омадани ҳаракати “Толибон” то моҳи июли соли равон, дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз се тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Ҳол он, ки дар тамоми давраи соли 2020 ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар дар ин ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамагӣ 1 т 185 кг-ро  ташкил медод.”

Аз ин омор бармеояд, ки қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар давраи режими нави Толибон қариб 3 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳаракати тундрави Толибон моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст овард. Афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар замони ҳукмронии Толибон дар ҳолест ки роҳбарони он бо судури як фатвои вижа кишту парвариш, хариду фурӯш, қочоқ ва ҳатто истеъмоли маводи мухаддирро аз нигоҳи шариатӣ ҳаром ҳукм кардаанд.

Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти хабариаш ҳамчунин хабар дод, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12482 ҷиноятҳои умумӣ (2021-13878) ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 384 (2021-446) ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор мебошад, ки дар муқоиса бо соли 2021 62 ҷиноят ё 13,9 дарсад кам ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин тавр, аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайд гирифташуда 3,1 дарсадро ҷиноятҳои мухаддиротӣ ташкил медиҳанд.

Бино ба омори агентӣ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ, дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 578 кг 145 гр маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 (1 т 695 кг 645 гр)  52,0 дарсад ё 882 кг 500 гр зиёд мебошад, аз ҷумла: Вазорати корҳои дохилӣ – 1 т 8 кг 515 гр (2021 – 819 кг 199 гр), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 1 т 289 кг 588 гр (2021 – 662 кг 646 гр), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 4 кг 447 гр (2021 – 11 кг 731 гр) ва Хадамоти гумрук  – 23 кг 766 гр (2021 – 1 кг 121 гр).

Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби Агентӣ 82 (с.2021-104) ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ошкор карда шудааст. Дар ин давра муфаттишони Агентӣ 155 (2021-200) парвандаи ҷиноятиро ба пешбурд қабул намуда, 111 (2021-162) парвандаи ҷиноятӣ дар соли ҷорӣ оғоз кадаанд. Аз ҷониби Агентӣ дар давраи мазкур 60 (2021-84) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 87 (2021-128) нафар ба судҳо ирсол гардида, ба ин васила ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 901 ҳазору 70 сомонӣ ҳабс гузошта шудааст.Ҳамчунин, 161 (2021-187) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 166 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд, ки дар натиҷа аз онҳо 125 ҳазору 748 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 251 кг 829 гр (2021-200 кг 593 гр) маводи нашъаовар мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 – 51 кг 236 гр ё 25,5 дарсад зиёд мебошад.

Ҳамчунин, Агентӣ фаъолияти 26 (с.2021-28) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 47 (2021-64) нафар ошкор ва 3 ГМҶ дар ҳайати 6 нафар дастгир карда шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки миқдори маводи нашъаовари дар ҳамин нимсола мусодиранамудаи Агентӣ аз миқдори умумии дар тамоми соли 2020 (183 кг 230 гр.) мусодирашуда 68 кг 599 гр ё 37,4 дарсад зиёд мебошад.

Тибқи омори расмӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4437 нафар нашъаманд дар қайд мебошанд, ки 100 (2021-109) нафари онро занҳо ташкил медиҳанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (5003 нафар) 566 нафар ё 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Имрӯз дар Тоҷикистон ба 100000 аҳолӣ 48 нашъаманд рост меояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button