ВидеоФарҳанг

ЯК РӮЗ ЗИНДАГИИ ТОҶИКИИ МУОВИНИ САФИРИ АМРИКО БРИДҶЕТТ УОКЕР ВА ШАВҲАРАШ ҶЕЙМС (ВИДЕО+11 AKC)

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон бо нашри як видео, ки тақрибан 5 дақиқа тӯл мекашад, хабар дод, ки муовини сафири Амрико дар Душанбе Бридҷетт Уокер ва шавҳараш Ҷеймс як рӯз дар деҳаи Гулзари маҳаллаи Навобод дар канори пойтахти Тоҷикистон  зиндагии пурра тоҷикиро таҷриба кардаанд. Дар деҳаи Гулзар аз ҷумла бо кумаки сафорати Амрико Маркази ҳунарҳои мардумӣ фаъолият дошта, дар инҷо барои ҷалби сайёҳон хонаҳои ҷавобгӯи меъёрҳои меъмории миллии тоҷикӣ ва бо риояи суннату анъанаҳои мардуми тоҷик сохта шудаанд.

Хонум Бридҷет ва Ҷеймсро дар ин сафари “тоҷик шудан”  шоумени шинохтаи тоҷик Орзу Исо ва масъули яке аз тарҳҳои таҳти ҳимояти молиявии сафорати Амрико Нигина Икромӣ ҳамроҳӣ кардаанд.

Дар навор дида мешавад, ки Орзу ва Нигина меҳмононро дар назди дар бо шеваи тоҷикона хайра мақдам мегӯянд ва ба онҳо либосҳои тоҷикӣ тақдим мекунанд: Ба Бридҷет – куртаи атлас ва ба Ҷеймс – тоқиву ҷомаи тоҷикӣ.

Баъди пӯшидани либоси тоҷикӣ, Бридҷет алакай ҳамчун як зани тоҷик офтобаву дастобгиру сачоқ дар даст ба дастони шавҳараш об мерезад ва сипас Орзую Нигина дипломати амрикоиро ҳамроҳи шавҳараш рост ба ошхона мебарад, ки оё аз уҳдаи пухтани нону ғизои тоҷикӣ мебароянд ё не?

“Як рӯз тоҷик мешаванд! Хайр, дигар чӣ? Зиндагии тоҷикӣ хеле ҷолиб аст!”, – мегӯяд Орзу Исо зимни роҳнамоии амрикоҳои “тоҷикшуда” ба ошхона.

Мизбонон суфраю рафида, орду обу рӯған ва дигар масолеҳи лозим барои пухтани кулчаро пеши  Бридҷет гузошта, ба муовини сафири Амрико пешниҳод карданд, ки дар қадами аввал хамир тайёр карда, кулчаи тоҷикӣ бипазад. Бридҷет аз уҳдаи ин кор баромад ва ҳатто худаш мустақилона кулчаҳои тайёр кардаашро ба дегдон часпонд.

Муовини сафири Амрико ва шавҳараш сипас ба пухтани оши палов пардохтанд. Дар навор дида мешавад, ки онҳо худашон сабзиро реза карданду, Ҷеймс ҳатто кунда кафонд ва Бридҷет бо ёрии Нигина алови деги ошро даргиронд.

Видео бо лаҳзаҳои кулчаҳову оши пухтаашонро дар рӯи дастурхони дар ҳавлӣ дар рӯи замин густурдашуда тановул кардан ва сипас зери ҳавои оҳангҳои тоҷикӣ рақсидани Бридҷету Ҷеймсу Орзую Нигина ва дигарон ба поён мерасад.

Сафорати Амрико ин видеоро “Як рӯзи тоҷиконаи хонуми амрикоӣ!” ном гузошта, навиштааст, ки Нигинаю Орзу тайи ин як рӯзи зиндагии тоҷиконаашон ба муовини сафири Амрико Бридҷетт Уокер ва шавҳараш Ҷеймс дар деҳаи Гулзар ошпазӣ, санъат ва рақси тоҷикиро омӯзониданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button