МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

РАФТОРИ ЯК МУСОФИР САБАБИ МАҶБУРАН ДАР САМАРА НИШАСТАНИ ҲАВОПАЙМОИ МАСКАВ – КӮЛОБ ШУДААСТ

Ҳавопаймои ширкати русии ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”,  ки аз фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав ба самти Кӯлоби Тоҷикистон парвоз мекард, ба далели рафтори як мусофираш маҷбур шудааст, ки дар ними роҳ дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара фуруд биояд.

Телеграм-канали AVIAINCIDENT, ки ҳодисаҳои фавқулодда бо ҳавопаймоҳоро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки “шаби 6 августи соли 2022, соати 00:25 ба вақти Маскав (соати 01:25 ба вақти Самара)  сардори экипажи ҳавопаймои тамғаи “Aэробус-320”, марбут ба ширкати “Уральские Авиалинии”, ки бо хатсайри SVR8969 Маскав (Домодедово) – Кӯлоб парвоз анҷом медод, дар бораи дар дохили ҳавопаймо рафтори номуносиб кардани як мусофираш, ки зоҳиран бемори муътоди маводи мухаддир буд, хабар дода, тасмим гирифтааст, ки берун аз нақша дар фурудгоҳи Самара фуруд биояд. Нишаст дар Самара соати 00:52 ба вақти Маскав бомуваффақият анҷом ёфт”.

Тавре аз иттилооти нашршуда дар сомонаи  “Флайтовейр” (flightaware.com) бармеояд, парвози SVR8969 Маскав (Домодедово) — Кӯлоб мебоист аз Маскав соати 22:00 парвоз мекард, вале бо таъхир соати 23:12 ба қасди Кӯлоб ба ҳаво хест, вале соати 01:58 ба вақти Самара дар фурудгоҳи Курумочи Самара фуруд омада, аз онҷо баъди ним соат, соати 02:28 боз ба парвоз даромадааст.

Ҳавопаймо ба фурудгоҳи Кӯлоб дар умум бо се соат таъхир расидааст.

Дар хадамоти матбуоти ширкати “Уральские авиалинии” ба пойгоҳи хабарии УРА.РУ хабар додаанд, ки дар Самара он мусофирро, ки сабаби нишасти изтирории ҳавопаймо шуд, дар беморхона бистарӣ кардаанд. Ширкати ҳавопаймоӣ дар бораи он ҳодиса ягон тафсилоти дигар надодааст. Ва рӯшан нест, ки он мусофир дар ҳақиқат бемори муътоди маводи мухаддир буд ваё

Дар харита дида мешавад, ки ҳавопаймо дар Самара таваққуф кардааст. Скриншот аз сомонаи flightstats.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button