ВидеоРӯйдодҳои БадахшонТоҷикистон

ПИСАРИ ДУЮМИ ТОЛИБ АЁМБЕКОВ 12 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОН ГИРИФТ

Дар шаҳри Хоруғ –маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҳасаналӣ Абдураҳмонов, писари дуюми Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии ин вилояти мухтори воқеъ дар шарқи Тоҷикистонро ба 12 соли зиндон маҳкум кардаанд. Дар ин бора журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод.

Мақомот ҳукми писари Аёмбековро ҳанӯз шарҳ надодаанд, вале бино ба иттилои Анора Саркорова, Ҳасаналӣ Абдураҳмонови 25-сола ба авбошӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, ҳамчунин ба узвият дар гуруҳи ҷиноятӣ гунаҳкор шинохта шудааст.

Ҳасаналӣ Абдураҳмонов ҳамон писари Толиб Аёмбеков аст, ки моҳи июн, дар пайи ҳабси падараш баъди занги телефонии ӯ аз боздоштгоҳ чанд мил силоҳро ба мақомот супурд.

Дар як гузориши телевизионӣ, ки ситоди байниидоравии таъмини амнияту тартибот дар Бадахшон нашр кард, писари Аёмбеков гуфт: “Падарам аз зиндон ба ман занг заду гуфт, ки бачаҳои гирду атроф силоҳҳоро ҷамъ мекунанду меоранд, ба мақомоти амният занг мезанед, месупоред ҳамаашро. Овардем, ҷамъ кардем ҳама яроқу аслиҳаро. Ина, 6 автомат, 15 магазин, 400 тир, як гранатомёт, 8 снаряду 8 заряду… овардем ва ина, супоридем”.

Ҳасаналӣ Абдураҳмонов баробари бародари калониаш Ғуломалӣ рӯзи 23 июл дастгир шуд ва алакай баъди як ҳафта – рӯзи 1 августи соли 2022 мақомот ҳам тафтишу ҳам мурофиаи додгоҳии ӯро хулоса карда, ҳукмашро хонданд.

Анора Саркорова хабар дод, ки ӯ дар додгоҳ иттиҳомоти эълоншударо қабул накардааст ва “хешовандони Ҳасаналӣ Абдураҳмонов низ ҳабс ва ҳукми ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ номида, ба таъқиботи давомдори мақомоти Тоҷикистон ба зидди қавмҳои помирӣ рабт медиҳанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар чорчӯби боздоштҳои оммавӣ дар Бадахшон худи Толиб Аёмбеков ва ду бародару се писари ӯ ҳам ба ҳабс гирифта шудаанд.

Додгоҳи вилоят рӯзи ҷумъа, 5 августи соли 2022 Ғуломалӣ Абдураҳмонов, писари калонии Толиб Аёмбековро  ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Мақомот то ҳол расман ҳукми писари калонии Толиб Аёмбековро ҳам шарҳ надодаанд, вале Aнора Саркорова қаблан  хабар дод, ки додгоҳ сокини 33-солаи Хоруғ Ғуломалӣ Абдураҳмоновро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла авбошӣ, нигоҳ доштани силоҳ, қочоқи сангҳои қиматбаҳо ва ҳам дар қатли сардори вақти раёсати амнияти миллии вилоят генерал Абдулло Назаров дар соли 2012 гунаҳкор шинохтаааст.

Анора Саркорова менависад, ки Ғуломалӣ Абдураҳмонов тоза рӯзи 23 июли соли 2022 аз ҷониби кормандони амният дастгир шуда буд ва алакай бо гузашти камтар аз ду ҳафта ба ҳабси умрбод маҳкум гардид.

Тафтиши парванда ва мурофиаи Аймбекови хурдӣ ба сурати баста сурат гирифтааст. “Ғуломалӣ Абдураҳмонов ҳеҷ кадом аз иттиҳомоти ба зиддаш эълоншуда, аз ҷумла даст доштанаш дар қатли генерали амниятро эътироф накардааст”, – хабар медиҳад Анора Саркорова.

Генерал Абдулло Назаров, сардори вақти раёсати вилоятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 17 июли соли 2012 дар канори Хоруғ кушта шуд. Маҳз куштани ӯ сабаби нахустин амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ шуд, ки 24 июли соли 2012 бо талаби ба мақомот супурдани афроди гунаҳкор дар қатли Абдулло Назаров оғоз ёфта, аз  ҳарду тараф даҳҳо кушта ба ҷо гузошт. Дар натиҷаи музокирот Толиб Аёмбеков он вақт бародараш Оқил Аёмбеков ва ронандааш Ҳамза Муродовро ба мақомот супурд ва онҳоро баъдан бо ҷурми даст доштан дар қатли генерал Назаров мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндон маҳкум карданд. Чанде пеш дар як хабари туфайлие дар бораи вазъи маҳбусон ин иттилоъ рӯ зад, ки Оқил Аёмбеков дар маҳбаси навбунёд дар канори шаҳри Ваҳдат адои ҳукм мекунад.

Моҳи майи соли 2022 мақомот бо истифода аз нирӯ мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро саркӯб карданд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар ҷараёни саркӯби эътирозҳо беш аз 40 нафар, аз ҷумла се лидери ғайрирасмии ин минтақа (Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов) кушта шуда, ҳудуди 200 каси дигар, аз ҷумла 9 лидери боқимондаи Бадахшон дастгир шуданд. Дар байни дастгиршудаҳо Толиб Аёмбеков ҳам буд, ки ӯро рӯзи 11 июн “барои суҳбат” ба мақомот даъват карданд ва дигар барнагашт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button