Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДОНИШҶӮИ ТОҶИК БА ХОТИРИ АЗ ДАРС НАМОНДАН МАРЗРО ҒАЙРИҚОНУНӢ УБУР КАРДААСТ

Додгоҳи ноҳияи 1-уми майи шаҳри Бишкек донишҷӯи тоҷикистонии шуъбаи духтури дандон ё стоматологияи риштаи тиббии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия ба номи Борис Елтсинро бар асоси моддаи 378 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон дар убури ғайриқонунии марзи ин кишвар гунаҳкор шинохта, ба маблағи 80 ҳазор соми қирғизӣ (ҳудуди 1000 доллар)  ҷарима бастааст. Манбаи ин хабар – хабаргузории СВОДКА АКИПРЕСС  – хабар дод, ки бо қарори додгоҳ, ин донишҷӯи тоҷик, ки ӯро шартан Икром ном бурдаанд, бояд  баъди пардохти ҷарима аз қаламрави Қирғизистон ихроҷ карда шавад.

Бино ба иттилои расонаи қирғизӣ, Икром моҳи январи соли 2019 аз Донишгоҳи тибби Алтай аз шаҳри Барнаули Русия барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи славянии Бишкек омад. Моҳи апрели соли 2021 ба далели коронавирус таҳсил дар ин мактаби олӣ ба сурати онлайн гузашт ва Икром рӯзи 27 апрели соли 2021 ба Душанбе ба хонаи волидонаш баргашт.  Чанд ҳафта баъди ба Душанбе баргаштани Икром, дар поёни моҳи апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳона рух дод, ки даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷо гузошт ва Қирғизистон баъди он марзашро бо Тоҷикистон баст ва равуои шаҳрвандонро манъ кард.

Моҳи августи соли 2021 ректори Донишгоҳи славянии Қирғизистон фармон баровард, ки аз 16 сентябр таҳсил дар ин мактаби олӣ ба сурати маъмулии онлайн бармегардад. Вале марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон ҳамчунон баста буд, ҳатто ба рӯи донишҷӯён.

Бо ин вуҷуд, Икром ба хотири идома таҳсил тасмим гирифт, ки марзро ғайриқонунӣ убур кунад. Субҳи 12 сентябри соли 2021 ӯ ба Хуҷанд ва аз онҷо бо такси ба Исфара рафта, ба сӯи марз рафт ва тақрибан соати ҳафти шом дар мавзеи Төрт-Көчө (Чоркӯча)  марзи вилояти Бодканди Қирғизистонро убур кард ва сипас бо як мошини роҳ то автовокзали шаҳри Бодканд расида, дар онҷо такси гирифт ва ба Бишкек омад.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, расман Икром 7 апрели соли 2021 тавассути гузаргоҳи “Қизил-Бел»ӯ” қаламрави Қирғизистонро тарк карда, 24 январи соли 2022 аз тариқи гузаргоҳи “Қарамиқ” дигарбора вориди ин ҷумҳурӣ шудааст. Вале дар санади донишгоҳ гуфта мешавад, ки Икром аз 27 то 30 декабри соли 2021 дар ин донишгоҳ 12 имтиҳонро супурдааст. Тафтишот мегӯяд, пас Икром алакай моҳи декабр ғайриқонунӣ дар қаламрави Қирғизистон қарор дошт, чунки аз берун ӯ  ба ҳеҷ сурат наметавонист 12 имтиҳонашро бисупорад.

Тафтишот мегӯяд, Икром  аз тарси инки дар сурати қонунан аз марз гузаштан, будубоши ғайриқонуниаш дар Қирғизистон ошкор мешавад, 14 январи соли 2022 боз ҳам ба таври ғайриқонунӣ аз ҳамон мавзеи Төрт-Көчө марзи Тоҷикистонро убур карда, 24 январ, ин дафъа расман вориди Қирғизистон шуд.

Икром дар додгоҳ ба гуноҳи худ пурра иқрор шуд, вале гуфт, ба сабаби муноқишаҳо дар марзи ду кишвар натавонист барои идомаи таҳсил бо роҳҳои қонунӣ ба Қирғизистон ворид шавад ва азбаски ин соли охирини таҳсилаш буд, танҳо ба хотири анҷоми таҳсил маҷбур шуд, ки қонунро бишиканад ва  ғайриқонунӣ марзро гузашта, худро ба дарсҳояш бирасонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button