Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

БОЗДОШТИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 6 ВА 7 БАРОИ НАШРИ АКСҲОИ КОРДУ ТАБАР ДАР ДАСТ (7 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе рӯзи 6 августи соли 2022 бо нашри аксҳои зиёд аз боздошти як гуруҳи наврасони кордбадаст, хонандагони синфҳои 6 ва 7-и  яке аз мактабҳои миёнаи пойтахти Тоҷикистон хабар дод.  Аз ин наврасон, ки ҳамагӣ 13-14 сол доранд, ҳамчун далели  5 адад корд, як табар ва як чӯбдаст (бита) дарёфт ва мусодира карда шуда, ба далели хурдсол будани худи қонуншиканҳо нисбат ба волидайни онҳо бо иттиҳом вайрон кардани қонуни масъулияти падару модар бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб додаву ба додгоҳ ирсол кардаанд. Ба волидайни ин наврасон ҷарима таҳдид мекунад.

Вале мояи нигаронии милитсияи Душанбе паҳлуи дигари ин қазия аст.

Дар иттилоияи милитсия гуфта мешавад, ки “наврасони кордбадасти дастгиршуда бо мақсади худнамоӣ ва нишон додани бартарияти худ нисбат ба дигар ҳамсолон дар даст корду табар гирифта, аксу наворҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд”.

Мақомоти милитсия аз он изҳори ташвиш кардаанд, ки бо вуҷуди инак 4 сол боз дар пойтахти Тоҷикистон роҳандозӣ шудани амалиёти “Корд”,  “ташвишовар он аст, ки баъзе аз наврасон бо худ гардонидани корд ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ба қавле ба «муд» табдил дода, ҳатто бо корд мусаллаҳ будани худро ба навор ва расм гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд. Воқеан ин падидаи номатлуб аз ҳар як нафар фаъоли ҷамъият тақозо менамояд, ки бетараф набошанд”.

Ба гуфтаи мақомот, таҳлили ҷиноятҳои ба муқобили саломатии инсон равона гардида нишон медиҳанд, ки дар бештари мавридҳо нофаҳмиҳои ночиз ва муноқишаҳои лафзӣ мунҷар ба задухӯрд  шуда, дар сурати бо худ корд ё дигар анвоъи силоҳи сард доштани тарафҳои муноқиша оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто бо куштор метавонад анҷом биёбад.

  Бо назардошти ин, РВКД Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва ҳамаи он нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъуланд, хостааст, ки “фарзандони худро беназорат нагузоранд, зеро яклаҳзаина фориғболӣ дар таълиму тарбияи фарзанд метавонад ҳаёти ӯро доғдор ва дар назди хешу ақрабо шармсор гардонад”.

Амалиёти «Корд»: Татбиқи ҷазои маъмурӣ барои тарғиби кордбадастӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

  Таҳлили ҷиноятҳои ба муқобили саломатии инсон равона гардида нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид нофаҳмиҳои ночиз ва муноқишаҳои лафзӣ ба задухурд табдил ёфта, дар сурати бо худ корд доштани муноқишакунандагон оқибат ба ҷиноятҳои вазнин, ҳатто ба куштор меанҷомад.
  Маҳз ба хотири аз байн бурдани ҳолатҳои истифодабарии силоҳи сард ва бо худ корд гардонидани ноболиғону наврасон давоми 4-соли охир Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Корд»-ро роҳандозӣ намуда истодааст.
  Ташвишовар он аст, ки баъзе аз наврасон бо худ гардонидани корд ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро ба қавле ба «муд» табдил дода, ҳатто бо корд мусаллаҳ будани худро ба навор ва расм гирифта, бо мақсади худнамоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн месозанд. Воқеан ин падидаи номатлуб аз ҳар як нафар фаъоли ҷамъият тақозо менамояд, ки бетараф набошанд.


  Аз ҷумла, дар доираи амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғони кордбадаст дастгир карда шуданд. Номбурдагон бо мақсади худнамоӣ ва нишон додани бартарияти худ нисбат ба дигар ҳамсолон дар даст корду табар гирифта, аксу наворҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намудаанд.


  Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон хонандагони синфҳои 6 ва 7-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт буда, аз онҳо 5-адад корд, 1-адад табар ва 1-адад чубдаст ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо мақсади чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шуд.


  Бо назардошти ҳолати мазкур Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва ҳамаи он нафароне, ки дар таълиму тарбияи наврасон масъуланд эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд, зеро як лаҳзаина фориғболӣ дар таълиму тарбияи фарзанд метавонад ҳаёти ӯро доғдор ва дар назди хешу ақрабо шармсор гардонад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button