ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ШАВҲАРИ ЗОЛИМ БАРОИ ТО ҚАСДИ ХУДКУШӢ РАСОНДАНИ ҲАМСАРАШ ҶАЗОИ ШАРТӢ ГИРИФТ

Додгоҳи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл)-и вилояти Хатлон сокини 57-солаи деҳаи Умеди ҷамоати Навзамин Идибой Раҳимовро дар латтукӯбу шиканҷаву таҳқир ва  бо ин аъмолаш то ба қасди худкушӣ расондани ҳамсараш  Муродгул Кенҷаева гунаҳкор шинохта,  бар асоси моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми ба худкушӣ расондан ба 5 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст. Вале додгоҳ бо татбиқи моддаи 71 Кодекси  ҷиноятии ҶТ ҷазои таъйинкардааш нисбат ба Идибой Раҳимовро шартан ба иҷро нагузошта, нисбат ба ӯ 3 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар кардааст.

Ҳукми Идибой Раҳимов ҳанӯз рӯзи 20 майи соли 2022 содир шудааст, вале маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон  тоза рӯзи 5 август тафсилоти ин парвандаро нашр кард. Бар асоси маводи парванда, “Раҳимов Идибой Каримович, 1965 соли таваллудаш, сокини ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, бо Кенҷаева Муродгул Ҷаборқуловна, тариқи расму оини мусулмонӣ оиладор шуда, аз зиндагии оилавияшон соҳиби як фарзанд гардидаанд. Раҳимов И.К. дидаю дониста, ки бо Кенҷаева М.Ҷ. дар муносибатҳои оилавӣ қарор дошта, аз ҷиҳати моддӣ тобеъи ӯ мебошад, аз моҳи августи соли 2021 мунтазам нисбати Кенҷаева М.Ҷ. муносибати бераҳмона ва бешармонаро ҷоиз дониста, шаъну эътибори ӯро паст мезадааст. Кенҷаева М.Ҷ. ба ин кирдорҳои шавҳараш Раҳимов И.К. тоқат накарда, санаи 1 марти соли 2022, тахминан соатҳои 13.30, даст ба сӯиқасди худкушӣ зада, дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати Навзамин, деҳаи Умед, маҳлули сирко (Уксус) истеъмол намуда, баъди ба беморхонаи марказӣ бистарӣ гаштан, ҳаёташ наҷот дода шудааст”.

Додситони ноҳияи Дӯстӣ дар робита ба ин ҳолат нисбати Раҳимов И.К. бар асоси қисми дуюми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ супурдааст.

Ҳар сол дар Тоҷикистон то 600 худкушӣ ва қасди худкушӣ сабт мешавад. Мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ сабабҳои асосии худкушиҳо дар Тоҷикистон ном бурда мешаванд.

Моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои расондан ба худкушӣ аз 3 то 8 соли зиндонро ҳамчун ҷазо муқаррар кардааст.  Аммо танҳо теъдоди ангуштшумори парвандаҳои бо иттиҳоми расондан ба худкушӣ  кушодашуда дар Тоҷикистон то ба додгоҳ мерасанд ва гунаҳкорон ҷазо мегиранд. Наздикони заноне, ки худкушӣ мекунанд, дар бисёр мавридҳо асосан ба хотири фарзандони ятиммондаи онҳо ба муомила бо тарафи шавҳар розӣ мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button