ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ҒОРАТГАР ДАР КАНОРИ ПЕТЕБУРГ БА СӮИ ТОҶИКИ ТАРБУЗФУРӮШ 10 ТИР ХОЛӢ КАРДААСТ

Шаби 4 августи соли 2022 дар шаҳраки Лесное ноҳияи Пушкинои шаҳри Санкт-Петербурги Русия як сокини  53-солаи маҳаллӣ дар ҳолати мастӣ талош кардааст, ки аз мағоза ду тарбузро бидуздад. Тарбузфурӯш, ки 39 сол дошта, шаҳрванди Тоҷикистон будааст, хостааст, монеи ин кор шавад. Марди маст ба ғазаб омада, аз туфангчаи травматикӣ ба тарафи тарбузфурӯш ҳудуди 10 тир холӣ кардааст. Муҳоҷири тоҷикро бо захмҳои зиёди тир дар бемористон бистарӣ кардаанд. Барои боздошти ғоратгар, ки бо мошини ҳамсараш аз ҷои ҳодиса фирор кард, пулис нақшаи “Перехват” –ро ба кор андохтааст.

Ҳоло ба марди дастгиршуда барои ғоратгарӣ бо истифода аз силоҳ тибқи моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Русия то 10 соли зиндон ва то 1 миллион рубл ҷарима таҳдид мекунад.

Дар бораи ин ҳодиса нашрияи маҳаллии  Петроград.РУ хабар дод. Бино ба иттилои ин нашрия, шаби 4 август, соати 22:19 ба пулис диспетчери “Ёрии таъҷилӣ” занг зада, хабар додааст, ки табибони “Ёрии таъҷилӣ” барои кумак ба як марди тирхӯрда ба шаҳраки Лесное даъват шудаанд.

Кормандони пулис низ ба ҷои ҳодиса рафта, маълум карданд, ки дар мағозаи ин шаҳрак тарбузфурӯшро паррондаанд. Нақшаи “Перехват” дар минтақаи ҷануб самар дод ва алакай соати 22:30 кормандони пулис ҳамлагарро дастгир карданд. Сокини дастгиршудаи ноҳияи Пушкино, ки 53 сол дошт, масти лояқил будааст.

Гуфта мешавад, шаби 4 август ӯ дар ҳолати мастӣ ба мағозаи меваву сабзавоти шаҳраки Лесное даромада, мехост ду тарбузро бидуздад. Фурӯшанда –  муҳоҷири 39-сола аз Тоҷикистон хостааст, тарбузҳоро аз дасти вай пас бигирад, вале марди бадкирдор ба тарафи вай аз туфангчаи дасташ тақрибан 10 маротиба тир холӣ карда, сипас дар мошини тамғаи “Toyota Corolla”, ки онро ҳамсари 43-солаи мард идора мекард, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Ҷабрдидаро бо  захмҳои зиёд бистарӣ кардаанд. Гуфта мешавад, табибон дар қисмати чапи қафаси сина, шонаи рост, дар ноҳияи шикам ва китфи рости ин муҳоҷири тоҷик захмҳо аз тири пистолети травматикиро сабт кардаанд. Вазъи саломатии фурӯшандаи тоҷик муътадил арзёбӣ мешавад.

Ҳоло масъалаи ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми ғоратагрӣ дар дасти баррасӣ қарор доштааст.

Шаҳраки Лесное дар 29-километрии ҷануби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шуда, қаблан истгоҳи роҳи оҳанаш ҳам ҳатто “Километри 29-ум” ном дошт. Ин шаҳрак дар асри гузашта барои кормандони совхози “Лесное” (фермаи собиқи Бенуа) сохта шуда буд. Ҳоло то Лесное аз истгоҳи метрои “Московская” –и шаҳри Петербург ду автобуси мусофиркаш бо хатсайрҳои №150 ва №188 ҳаракат мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button