ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИК ДАР ЯРОСЛАВЛ БАРОИ АҚДИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКӢ БА ХОТИРИ ШАҲРВАНДӢ

Кормандони ФСБ Русия дар вилояти Ярославл чор нафар – ду шаҳрванди Русия ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ вилояти Ярославл хабар дод, ки ин афрод аз никоҳи қалбакӣ мехостанд  барои дарёфти шаҳрвандии Русия истифода баранд. Тибқи фарзияи мақомот, ду шаҳрванди Русия дар ҳудуди вилояти Ярославл занонеро пайдо кардаанд, ки дар ивази пул бояд ба ин ду марди тоҷик издивоҷ мекарданд. Баъди ин зодагони Тоҷикистон мебоист аввал ҳаққи иқомат ва сипас шаҳрвандии Русияро ба даст меоварданд, вале дастгир шуданд.

“Нисбат ба онҳо аз ҷониби шуъбаи тафтишотии раёсати вилоятии ФСБ бар асоси қисми дуюми моддаи 322.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванедаи ҷиноятӣ кушода шуда, чорабинишои фаврию ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ФСБ. Бар асоси ин банди қонуни Русия ба дастгиршудаҳо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ин нахустин мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар вилояти Ярославл нест. Дар аввали соли ҷорӣ кормандони ФСБ ин вилоят 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ақди никоҳҳои қалбакӣ бо занони сокини шаҳрҳои Гаврилов-Яма ва Ростов Великий айбдор карданд. Парвандаи зидди се ташкилкунандаи он канали муҳоҷирати ғайриқонунӣ моҳи апрели соли 2022 ба додгоҳ супурда шуд.

Дар аввали моҳи август бошад, хадамоти матбуоти раёсати ФСБ Русия дар вилояти Калининград аз ошкор шудани як шабакае хабар дод, ки бо роҳи никоҳҳои қалбакӣ муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин ҷазирақаламрави воқеъ дар соҳили баҳри Балтика дар ғарби Русияро ба роҳ монда буданд.

ФСБ гуфт, се сокини вилояти Калининград дар ивази пул шаҳрвандони Русияро барои ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон меҷустанд. Чунин ақди никоҳ ба зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медод, ки ба сурати осонтар ҳаққи иқомат дар Русия ва баъдан шаҳрвандии ин кишварро ба даст биоранд.

Ҳар се нафари гумонбар ба ташкили ин шабакаи ғайриқонунӣ дастгир шудаанд. ФСБ гуфт, ҳангоми кофтукоб аз манзилҳо ва дафтарҳои кории он се нафар таҷҳизот барои тайёр ва чоп кардани санадҳо, ҳамчунин беш аз 100 муҳру штампи қалбакии идораҳои давлатӣ, 11 шиносномаи хориҷии русия ва кишварҳои СНГ бо аломатҳои тақаллуб ва 650 бланки холии санадҳои расмӣ, аз ҷумла санадҳои кишварҳои хориҷӣ ёфт ва мусодира шудааст.

Дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба дастгиршудаҳо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар нимаи аввали соли 2022 боз 74 ҳазор нафари дигар аз тоҷикистониҳо шаҳрвандии худро ба русӣ иваз карданд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай тақрибан як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо баъди издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button