Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон (Полша) дар қисмати сарҳади давлатӣ бо Литва ду ронандаро, ки 13 шаҳрванди Тоҷикистону Эронро ғайриқонунӣ ба ин кишвар интиқол медоданд, боздошт кард.
Бино ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон, рӯзи 1-уми августи соли ҷорӣ сарҳадбонон дар деҳаи Будзиско, ки наздик ба сарҳади Литва аст, ду мошини дорои рақамҳои давлатии Лаҳистонро барои тафтиш боздошт карданд. Дар натиҷаи тафтиш муайян карда шуд, ки ронандагон зодаи Украина буда, хориҷиёни дигарро, ки ҳуҷҷатҳои лозима барои ворид шудан ва иқомат дар Лаҳистонро надоштаанд, ба ин кишвар ғайриқонунӣ интиқол медодаанд.
Ронандаи мошини тамғаи “Волво” шаш шаҳрванди Тоҷикистону як зодаи Эрон ва ронандаи мошини “Тойота” шаш шаҳрванди Эронро ғайриқонунӣ вориди хоки Лаҳистон кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин муҳоҷирон аввал аз Белорус вориди хоки Литва шуда, баъдан сарҳади Лаҳистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд.
Дар хабари Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо боздошт шуда, дар ихтиёри афсарони посгоҳи марзбонии Рутка-Тартак қарор доранд.
Ду ронандаи зодаи Украина дар кумак ба муҳоҷирон барои убури ғайриқонунии марз муттаҳам шуда, ба онҳо то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Нисбати 13 шаҳрванди Тоҷикистону Эрон парвандаи маъмурӣ оғоз шуда, онҳо муваззаф карда мешаванд, ки ба Литва баргарданд.
Бино ба иттилои воҳиди марзбонии Подласке, аз аввали соли ҷорӣ сарҳадбонон танҳо дар марз бо Литва беш аз сесад муҳоҷирро боздошт кардаанд, ки аввал аз Белорус ба Литва ва баъдан ғайриқонунӣ марзи Лаҳистонро убур кардаанд. Инчунин 53 нафари дигар, ки дар кумак ба муҳоҷирон барои убури ғайриқонунии марзи Литва ва Лаҳистон гумонбаранд, боздошт шудаанд.
Манбаъ: АЗДА ТВ