ВидеоДин ва боварҳоҲуқуқи инсон

БА КӮДАКОН АЗ ИСЛОМ ДАРС МЕДОД: ҶАРИМАИ ЯК МУЛЛО ДАР НОҲИЯИ ҶОМӢ

Додгоҳи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон як муллоро барои таълими ғайриқонунии улуми динӣ ба маблағи 640 сомонӣ ва падари ду шогирди ӯро маблағи 192 сомонӣ ҷарима бастааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4 августи соли 2022 дар шарҳи ин парванда гуфт, “Ҳалимов Насриддин Давлатович, сокини  ҷамоати Яккатути ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон, бархилофи талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал карда, фарзандони ноболиғи худ Ҳалимов Абдураҳим Насриддинович, соли таваллудаш 12.10.2011 ва Ҳалимов Абдукарим Насриддинович, соли таваллудаш 17.07.2013-ро ки хонандагони синфҳои 2 ва 4-и мактаби миёнаи №54 мебошанд, барои дар назди шаҳрванд Абдизода Маҳмадулло Абдулло, таълимоти ғайриқонунии динӣ омӯхтан иҷозат додааст”.

Прокурори ноҳияи А. Ҷомӣ, нисбат ба Ҳалимов Н.Д. бар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон ва нисбат ба Абидзода М.А. бар асоси қисми аввали моддаи 474 КҲМ ҶТ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда, барои баррасӣ ба додгоҳи ин ноҳия ирсол намудааст.

Бо қарори додгоҳи ноҳияи А.Ҷомӣ, аз 14 феврали соли 2022 нисбат ба Ҳалимов Насриддин ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 192 сомонӣ ва нисбат ба Маҳмадулло Абидзода ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 640 сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Дар Тоҷикистон аз соли 2011 таълими улуми динӣ танҳо ба фарзандони худи шаҳрванд иҷозат дода шудааст. Ҳар сол чанд рӯҳониро ба таъсиси мадрасаҳои ғайриқонунӣ ва таълими улуми динӣ ба фарзандони мардум айбдор карда, ба ҷавобгарӣ мекашонанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ инро эҷоди маҳдудият дар роҳи озодии дин ва дастрасии мардум ба таълими мазҳабӣ номида, ба боди интиқод мекашанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафашон  аз маҳдуд кардани таълими улуми динӣ пешгирӣ аз гароиши сокинон, ба хусус ҷавонону наврасон ба ақидаҳои ифротӣ ва ба саффи гуруҳҳои тундрави динист.

Ва аммо таълими улуми диниро ба шаҳрвандони алоҳида дар ҳоле маҳдуд кардаанд, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз аз як Донишкадаи исломӣ дигар ягон муассисаи расмии таълимии мазҳабӣ вуҷуд надорад ва сокинони аксарияти куллашон мусалмони ҷумҳурӣ намедонанд, ба фарзандони худ чӣ гуна ҳадди ақал асосҳои динро биомӯзонанд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button