ВидеоМинтақа ва ҷаҳонФарҳангЧеҳраҳо

АБДУРОЗИҚ ҲАМРОҲИ СИТОРАИ СИНАМОИ ҲИНД САЛМОН ХОН ДАР ЯК ФИЛМ НАҚШ МЕОФАРАД (ВИДЕО)

Гоҳо чизҳое рӯй медиҳанд, ки шумо ҳатто дар орзуҳои худ тасаввурашро надошт. Зиндагӣ чунин аст ва айни чунин ҳолат бо Абдурозиқ, хурдтарин овозхони дунё рӯй дод ва ба ӯ иқбол даст дод, ки дар як филми ҳиндӣ ҳамроҳ бо яке аз машҳуртарин ситораҳои Болливуд Салмон Хон нақш биофарад, менависад нашрияи Daily Pakistan.  

Бино ба иттилои ин нашрия, Абдурозиқ, ин сенсатсияи Интернет аз Тоҷикистон, ки 17 сол ва  ҳамагӣ 1 метр қад дорад, яке аз нақшҳои асосиро дар филми Фарҳод Самҷӣ бо номи шартии “Бародар” иҷро хоҳад кард. Нақши асосиро дар ин филм худи Салмон Хон иҷро мекунад.

Банаворгирии филми пурпечутоби мазҳакавии  “Бародар” моҳи июн дар фермаи Салмон Хон дар канори шаҳри Мумбай, пойтахти синамои Ҳинд оғоз ёфт ва қарор аст, ки он соли 2023 пешкаши тамошобинон шавад.

Абдурозиқ ба як нашрияи чопи Дубай гуфтааст: “Ман аз шурӯи корам дар Болливуд ва он ҳам ҳамроҳи Салмон Хон хеле хушбахту дар ҳаяҷонам. Ман ҳеҷ гоҳ орзу намекардам, ки ягон рӯз дар як филм бо чунин ситораи бузург бозӣ хоҳам кард. Ман тамоми талошамро ба харҷ медиҳам ва аз таҳти дил меҳнат мекунам, то исбот кунам, ки ин эътимоде, ки ба ман нишон доданд, беҳуда набуд”.

Абдурозиқ қаблан дар чанд навор дар кагори Салмон Хон зоҳир шуда, аз ҷумла барояш таронаи машҳури “Дили девона” аз филми соли 1989 бо номи “Ман дӯст доштам”ро хонд. Маҳз ҳамин филм роҳи Салмон Хони он замон ҳанӯз ҷавонро ба сӯи қуллаи шуҳрат боз карда буд.

Дар як видеои дигар Абдурозиқ ва Салмон  Хон таронаи “Papa Kehte”ро аз филми романтикии Амирхон бо номи “Қиёмат” замзама мекарданд.

Абдурозиқ, ки моҳи августи соли 2021 визаи тиллоии Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамроҳи он калид ба сӯи қуллаи шуҳрати ҷаҳониро ба даст овард, дар як хонаводаи фақири деҳқон дар як рустои кӯҳистонӣ дар канори шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ба иллати бемории рахит қади Абдурозиқ хеле паст боқӣ монд. Аёми кӯдакиаш ӯ дар бозори Панҷакент тарона мехонд ва бо ҳамин роҳ, зиндагиашро таъмин мекард.

Соли 2019 ӯро рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон ба Душанбе овард ва чанд таронаашро сабт ва дар Интернет нашр кард, ки ҳар кадомаш чандмиллионӣ тамошобин ҷамъ оварданд ва Абдурозиқро дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур карданд.

Ҳоло Абдурозиқ дар Инстаграм ва ТикТок чанд миллион пайрав дорад ва дар зери нури шуҳраташ сафову роҳат мекунад. Чанде пеш дар шаҳри Мумбай, пойтахти синамои Ҳинд ба ин ситораи хурдакак аз Тоҷикистон ҷоизаи “Инсони таъсиргузори сол” супурда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button