ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

10 ШАБОНАРӮЗ ҲАБСИ РОНАНДАИ ТАКСИИ 1111 БАРОИ ТАҲҚИРУ ОЗОРИ ЯК ҶАВОНЗАН

Маркази матбуоти милитсияи Душанбе хабар дод, ки як ронандаи таксии 1111 барои таҳқири як ҷавонзан ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудааст.

Милитсияи Душанбе менависад, “гарчанде аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия нисбати он нафароне, ки бо алфози қабеҳ ва амалу рафтори ноҷои худ боиси озори лафзиву ҷисмонии занон мегарданд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад, ҳам вале боз нафароне ҳастанд, ки нисбати занон бадрафторӣ мекунанд”.
  Аз ҷумла, омадааст дар хабар, дар асоси муроҷиати як сокини пойтахт аз ҷониби кормандони милитсия, шаҳрванд Розиқов Шаҳром Намозалиевич, соли таваллудаш 19.10.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Борбад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҳундай”, рақамҳои қайди давлатиаш 74 83 ТТ 05 дастгир карда шуд.

“Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда санаи 27-уми июли соли ҷорӣ нисбати як нафар ҷавонзани 30-сола, сокини кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.Зимни пурсиш ва санҷиши навори ҷойи ҳодиса гуноҳи содирнамудаи дастгиршуда-Розиқов Шаҳром ба пуррагӣ исботи худро ёфт”,  гуфта мешавад дар хабари милитсияи пойтахти Тоҷикистон.
Вобаста ба ин  ҳолат нисбат ба Розиқов Шаҳром тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати номбурда дар асоси қарори додгоҳ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Дар бораи сабаби бо он ҷавонзан муноқиша кардани Шаҳром Розиқов чизе гуфта нашудааст. Худи ронандаи ҳабсшуда барои шарҳи ин моҷаро дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button