ВидеоҶомеа

КУШТОРИ ҲАМСАР АЗ СӮИ ШАВҲАРИ БАДҶАҲЛ ДАР ИСТАРАВШАН

ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳодисаи куштори ҳамсар дар ҷараёни муноқишаи оилавӣ хабар дод. Шавҳари бадҷаҳле дар Истаравшан ҳамсари ҷавони 27-солаашро аввал латтукӯб карда, сипас буғӣ карда, куштааст.

Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, 1 августи соли 2022, тахминан соати 16:30, дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи бамиёномада бо ҳамсараш, ҷавонзани 27-сола, бо дасту пойҳояш ба узвҳои муҳими бадани ӯ зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонида, сипас бо роҳи бӯғӣ намудан ӯро ба ҳалокат расонидааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Нисбат ба марди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштани аъзои наздики оила, асосан дар бораи кушта шудани завҷаҳо аз дасти шавҳарон хабарҳои зиёде ба даст мерасанд. Аксари ин ҷиноятҳои сангин дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ ваё дар заминаи рашк сурат мегиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button