ВидеоМуҳоҷирон

БОЗДОШТИ СЕ СОКИНИ КАЛИНИНГРАД БАРОИ ТАШКИЛИ НИКОҲҲОИ ҚАЛБАКИИ АРӮСОНИ МАҲАЛЛӢ БО ДОМОДҲОИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК

Хадамоти матбуоти раёсати ФСБ Русия дар вилояти Калининград аз ошкор шудани як шабакае хабар дод, ки бо роҳи никоҳҳои қалбакӣ муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ин ҷазирақаламрави воқеъ дар соҳили баҳри Балтика дар ғарби Русияро ба роҳ монда буданд.

ФСБ гуфт, се сокини вилояти Калининград дар ивази пул шаҳрвандони Русияро барои ақди никоҳ бо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон меҷустанд. Чунин ақди никоҳ ба зодагони Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медод, ки ба сурати осонтар ҳаққи иқомат дар Русия ва баъдан шаҳрвандии ин кишварро ба даст биоранд.

Ҳар се нафари гумонбар ба ташкили ин шабакаи ғайриқонунӣ дастгир шудаанд. ФСБ гуфт, ҳангоми кофтукоб аз манзилҳо ва дафтарҳои кории он се нафар таҷҳизот барои тайёр ва чоп кардани санадҳо, ҳамчунин беш аз 100 муҳру штампи қалбакии идораҳои давлатӣ, 11 шиносномаи хориҷии русия ва кишварҳои СНГ бо аломатҳои тақаллуб ва 650 бланки холии санадҳои расмӣ, аз ҷумла санадҳои кишварҳои хориҷӣ ёфт ва мусодира шудааст.

Дар робита ба ин қазия бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба дастгиршудаҳо то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд. Дар ин авохир додгоҳҳои Русия  даҳҳо никоҳи шаҳрвандони Русия бо муҳоҷирони хориҷиро қалбакӣ дониста, бекор кардаанд.

Соли 2021 беш аз 103 ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон соҳиби шаҳрвандии Русия шуда, дар нимаи аввали соли 2022 боз 74 ҳазор нафари дигар аз тоҷикистониҳо шаҳрвандии худро ба русӣ иваз карданд. Дар умум, аз аввали асли 21 алакай тақрибан як миллон нафар аз зодагони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд. Ҳазорон нафари онҳо баъди издивоҷ бо сокинони Русия тавонистаанд соҳиби шаҳрвандии ин кишвар шаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button