АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РОҲБАРИ АЛ-ҚОИДАРО ДАР БАЛКОНИ ХОНААШ БО “ОТАШИ ДӮЗАХ” КУШТАНД

Президенти Амрико Ҷо Байден эълон кард, ки роҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Аймон Аз-Завоҳирӣ субҳи якшанбеи 31 июли соли 2022 дар Афғонистон дар натиҷаи як амалиёти вижаи Амрико кушта шуд.

Завоҳирӣ, ки баъди аз сӯи Амрико кушта шудани асосгузори Ал-Қоида Усома Бин Лоден, роҳбарии ин шабакаи террористиро ба даст гирифт, баъди Бин Лоден нафари аз ҳама ҷустуҷӯшаванда ба шумор мерафт. Амрико, ки 25 сол боз ӯро меҷуст, дар баҳои маълумоте, ки ба боздошт ваё қатли Завоҳирӣ мусоидат кунад, 25 миллион доллар ҷоиза муқаррар карда буд.

Аймон Завоҳирӣ субҳи 31 июл замоне кушта шуд, ки барои хабаргирии аҳли хонаводааш ба Кобул омада буд. Ду мушаки Hellfire (тарҷумааш: “Оташи дӯзах”) , ки аз як ҳавопаймои бесарнишин сар доданд, Завоҳириро дар як манзил дар  Шерпур, минтақаи дипломатии Кобул, кушт, ки барои ҳавохӯрӣ ба балкон баромада буд. Мақомоти Амрико мегӯянд, дар ин ҳамла касе аз аъзои хонаводаи Завоҳирӣ осеб надидааст. Ин нахустин амалиёти вижаи Амрико дар Афғонистон баъди моҳи августи соли 2021 ба дасти ҳаракати тундрави Толибон, як иттифоқчии шабакаи Ал-Қоида афтодани умури ин кишвари ҷангзада буд. Намояндаи Толибон куштори Завоҳириро маҳкум кард. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин ҳамларо поймол кардани меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳам нақзи қарордоди соли 2020 номид, ки Амрико бо Толибон дар Доҳз имзо карда буд.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико шоми 1 август дар суханронии телевизиониаш гуфт, макони будубоши Завоҳирӣ ба мақомоти вижаи Амрико дар аввали соли ҷорӣ маълум шуда буд  “Адолат тантана кард ва ин роҳбари террористҳо дигар вуҷуд надорад. Мо ҳеҷ гох ақиб намешинем. Ӯ аз худ куштору хушунат ба зидди шаҳрвандону ҳарбиёну дипломатҳои Амрико ва ба зидди манфиатҳои Амрикоро боқӣ гузошт”, – изҳор дошт Байден.

Намояндаи Кохи Сафед низ дар як нишасти вижаи хабарӣ гуфт, зарбаи дақиқи мушакӣ рӯзи якшанбе ба манзиле хада шуд, ки Завоҳирӣ вақтҳои охир онҷо паноҳ мебурд.

Гуфта мешавад, мақомоти Амрико чанде пеш маълумот дарёфт карда будаанд, ки Завоҳирӣ барои аёдати аҳли хонаводааш ба Кобул омадааст ва дар манзиле дар минтақаи Шерпур, як минтақаи дипломатии пойтахти Афғонистон ба сар мебарад.

“Дар тӯли чандин моҳ, итминони мо ба инки Завоҳирӣ маҳз дар ҳамин қисмати Кобул қарор дорад, бештар шуд. Дар тӯли муддати мадиде мо Завоҳириро дар балкони он манзил медидем. Дар ниҳоят, ӯро дар ҳамин балкон ҳадафи ҳамла қарор доданд”, – нақл кардааст намояндаи Кохи Сафед.

Ба гуфтаи ӯ, барои аз байн бурдани Завоҳирӣ аз ҳавопаймои бидуни саршинин (дрон) ду мушаки “Hellfire” (“Оташи дӯзах”) сар доданд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, дар натиҷаи ин ҳамла касе аз сокинони он бино ва ҳамин тавр, хешовандони Завоҳирӣ, ки он соат дар он манзил қарор доштанд, осеб надидааст. Завоҳирӣ ташкилкунандаи ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 ба шаҳрҳои Амрико шинохта мешуд. Дар он ҳамлаҳо ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта шуданд. Завоҳирӣ аз он замон таҳти таъқиб қарор дошт. Ӯ соли 2011 баъди аз сӯи нирӯҳои вижаи Амрико кушта шудани Усома Бин Лоден ба мақоми роҳбари аввали Ал-Қоида расид. Амрико барои сари ӯ 25 миллион доллар ҷоиза муқаррар карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button