ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҚАЛЛОБӢ БО ВАЪДАИ ХОНА: 3 СОЛ ПЕШ 262 ҲАЗОРРО ГИРИФТУ ТО ҲОЛ ХОНА НЕСТ…

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳодисаи қаллобӣ ба маблағи бузург дар бозори хариду фурӯши манзилҳои истиқоматӣ хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марли 30-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намуда, хабар додааст, ки моҳи июли соли 2019, марди 44-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 262 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз бинои навсохтмони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
ВКД гуфт, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Вақтҳои охир дар шаҳрҳои Тоҷикистон баробар бо авҷ гирифтани сохтмонҳои биноҳои истиқоматӣ мавридҳои фиреб додани шаҳрвандон бо ваъдаи гирифта додани хона дар биноҳои навбунёди истиқоматӣ низ хеле зиёд шудааст. ВКД тақрибан ҳар ҳафта дар бораи боздошти чанд нафар барои чунин қаллобӣ хабар медиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button