ВидеоИқтисодМуҳоҷирон

ОҒОЗИ ПАРВОЗҲОИ “СОМОН ЭЙР” АЗ ХУҶАНД БА ВНУКОВО ВА АЗ ДУШАНБЕ БА ҚАЗОН

Сомонаи расмии фурудгоҳи Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия хабар дод, аз 4 августи соли 2022 ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон Somon Air парвозҳо аз Душанбе ба Қазонро дубора ба роҳ мемонад. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800, ки 189 ҷои нишаст доранд, сурат мегиранд.

·     парвоз аз Душанбе ба Қазон соати 18:00  ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, ҳавопаймо соати 19:30  ба вақти маҳаллӣ дар Қазон фуруд меояд.

·    парвоз аз Қазон ба Душанбе соати 21:00 оғоз ёфта, ҳавопаймо соати 02:45, яъне алакай қабл аз субҳи ҷумъа ба пойтахти Тоҷикистон мерасад.

Фарқи вақт байни Душанбе ва Қазон ду соатро ташкил мекунад. Тӯли парвоз сеюним соат аст. Нархи чиптаи парвоз аз Қазон ба Душанбе ҳудуди 110 доллар муқаррар шудааст.

Тотористон ва минтақаҳои атрофи он дар вақтҳои охир ба як самти умдаи сафари муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ҳоло дар Тотористон ва атрофи он даҳҳо ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистону кору зиндагӣ мекунанд.

Somon Air ҳамин тавр хабар дод, ки аз 1 август ба анҷоми парвозҳо ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав шурӯъ мекунад. Феълан парвозҳои ин ширкат ба Внуково ҳафтае ду маротиба: рӯзҳои душанбе ва ҷумъа аз шаҳри Хуҷанд бо ҳавопаймои Boeing 737-800/900 сурат мегиранд.

Ёдовар мешавем, Somon Air то кунун барои анҷоми парвозҳо ба Маскав асосан аз фурудгоҳи дигари пойтахти Русия – Домодедово истифода мебурд.

Фурудгоҳи Внуково, ки ба фарқ аз фурудгоҳи аз Маскав каме дуртари Домодедово амалан дар канори шаҳр ҷойгир шудааст,  яке аз фурудгоҳҳои бузургтарини Русия ба шумор рафта, солона аз он то 200 ҳазор парвоз (яъне ҳар рӯз беш аз 500 парвоз) анҷом дода мешавад. Аз Внуково парвозҳо ба кишварҳои Аврупову Амрико, Осиё ва Африқо сурат мегиранд ва соли 2019 тавассути Внуково шумораи рекордии мусофирон: 24 миллион нафар парвоз карда буд. Ин фурудгоҳ дар майдони 300 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, солона метавонад то ба 35 миллион мусофир хидмат бирасонад.

Шарики нави фурудгоҳи Внуково – Somon Air – ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон буда, соли 2008 таъсис ёфтааст ва амалан ягон ширкати ҳавопаймоии ин кишвар аст, ки парвозҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоҳои Somon Air аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иборат буда, дар ҳоли ҳозир ин ширкат ба Русия, Олмон, Имороти Араб, Туркия, Ҳиндустон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳо анҷом медиҳад. Фурудгоҳи асосии Somon Air фурудгоҳи Душанбе аст, вале ҳавопаймоҳои ин ширкат иловатан аз фурудгоҳҳои Хуҷанд ва Кӯлоб низ мусофир мекашонанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button