ВидеоНуқтаи назар

ЯК САРЗАМИН СИПОС! НОМАИ ЯК МОДАРИ ҶАВОН БА МАСЪУЛОНИ ТАВАЛЛУДХОНАИ №2

Яке аз рӯзҳои баҳорӣ эҳсос кардам, ки пайки омадани тифлам хеле наздик аст.

 Вале чун таҳти шароити ногувори иқтисодӣ будам, воқеан намедонистам, ба кадом бемористон равам? Дар он лаҳзаҳои ҳассоси сарнавиштсоз кӣ аз ман муроқибат ва пуштибонӣ хоҳад кард?

 Бо тавсияи дӯстон ба Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи №2”-и шаҳри Душанбе раҳсипор шудем ва бидуни таъриф, аз тасмимамон пушаймон нестем.

Ҳангоми ворид шудан ба қабулгоҳ аз кормандони таваллудхона хоҳиш намудам, ки вазъи саломатиамро ба назар бигиранд. Хушбахтона, ман таҳти назорати махсуси сартабиби таваллудхонаи мазкур, номзади илмҳои тиб, Ҳусейнзода Маҳина қарор гирифтам.

Заҳмати чандсоатаи ҷарроҳон, муолиҷа ва нигоҳубини тифли навзодам дар шӯъбаи эҳё ва баъд аз таваллуд муддати 8 рӯз комилан ройгон сурат гирифт.

Ҳамарӯза дар ҷомеа сару садоҳои бисёре баланд мешавад, ки арзиши амали чоки қайсарӣ дар Тоҷикистон хеле боло рафтааст ва табибон ба ҳар баҳона аз наздикони модару кӯдак пул меситонанд. Бояд бигӯям, ки шахсан аз ман маблағ нагирифтанд ва зимнан рисолати касбии худро дар сатҳи аъло нишон доданд. Сатҳи хизматрасонӣ дар бемористони мазкур тибқи стандартҳои ҷаҳонист.

Ба унвони як модари ҷавон ва корманди ҳамин соҳа аз роҳбарияти таваллудхонаи №2 хеле қаноатмандам, ки арзиши ҳаёти модару кӯдакро дар раддаи аввал гузоштанд.

Мехоҳам аз минбари шумо ба момодояҳо, пизишкон, хоҳарони шафқат, парасторон ва ба кулли кормандони беҳтарин таваллудхонаи ҷумҳурӣ, махсусан ба ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон як сарзамин сипос бигӯям.

Хушҳолии ман дар канори духтарам Руъё Фаррухзод интиҳо надорад. Он ҳам аз меҳрубонии доктор Маҳина Ҳусейнзода, ки нисбат ба саломатии духтарам таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир намуд.

Ориёно Азиз, сокини Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button