ВидеоМинтақа ва ҷаҳонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ХИТОЙ БА ТОҶИКИСТОН БОЗ 2,5 МИЛЛИОН ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУС ТАҚДИМ КАРД (12 АКС)

Рӯзи 31 июли соли 2022 аз Ҷумҳурии халқии Хитой ба Тоҷикистон боз 2 миллиону 543 ҳазору 200 воя ваксинаи “КоронаВак” ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон бо нашри аксҳо аз маросими қабули ин ваксинаҳо гуфт, ин кумаки Хитой ба Тоҷикистон “бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти бемории мазкур фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат” сурат мегирад.

Ба ин тартиб, ҷамъи вояҳои ваксинаи зидди коронавирус, ки Хитой ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башарӣ ба таври ройгон тақдим кардааст, аз 5 миллион воя гузашт.

Тақдими дуюним миллион вояи ваксина баробар бо сафари расмии вазири хориҷаи Хитой Ван И ба Тоҷикистон сурат гирифт. Ван И дар Душанбе бо роҳбарони баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ва бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард. Дар аксари ин дидорҳо Ван И дар рӯ ниқоби тиббӣ дошт ва аз дастфишурӣ  парҳез карда, худро бо саломи оринҷ ба оринҷ маҳдуд мекард.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 1 августи соли 2022 Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И дар як  маросими хоси супоридани расмии 5 млн. воя ваксинаи зидди Ковид-19 низ иштирок кардаанд.

Ба сурати умум. ба Тоҷикистон  то имрӯз дар умум беш аз 18 миллион ваксинаи зидди коронавирус ворид кардаанд. Ҳамаи ин ваксинаҳоро Тоҷикистон аз тариқи барномаи COVAX дарёфт кардааст. Барномаи COVAX аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва созмонҳои дигари хайрия бо мақсади таъмини дастрасии одилонаи кишварҳои дорою нодор ба ваксинаҳои зидди коронавирус таъсис ёфтааст ва Тоҷикистон то кунун ваксинаҳои зидди коронавирусро тавассути ин созмон ба сурати ройгон дарёфт кардааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваксинаи зидди коронавирус барои наздики 6 миллион аҳолии синнашон аз 18 боло ҳатмӣ эълон шуда, аз моҳи январи соли 2022  эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти КОВИД-19 дар байни аҳолӣ оғоз гардид. Вазорати тандурустӣ гуфт, то 10 июли соли 2022 вояи аввали ваксина ба  5 263 527 нафар (94,0%),   вояи дуюм ба   5 158 348 нафар (92,2%)  ва  вояи сеюм ба  4 104 007 нафар (73,3%)  аҳолии кишвар гузаронида шудаанд.

Ваксинаи зидди коронавирус ба шаҳрвандони Тоҷикистон ройгон гузаронида мешавад.

Бино ба омори расмии вазорати тандурустӣ, аз 19 феврал ба ин тараф, инак қариб 5 моҳ боз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави  навъи COVID-19 сабт нашудааст.  Бино ба омори расмии вазорат, аз оғози пандемия шумори умумии гирифторшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 17 ҳазору 388  нафар расида, 124 нафари онҳо, мутаассифона, фавтидаанд.  Мунтақидон мегӯянд, шумораи воқеии қурбониёни коронавирус назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст.  Вале онҳо низ эътироф мекунанд, ки дар ин авохир  дар бораи гирифтор шудани сокинон ба ин вирус тақрибан хабаре ба гӯш намерасад.

Вале ахиран мақомоти Тоҷикистон бархе чораҳои зидди коронавирусро аз нав рӯи даст гирифта, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус назоратро  дар марзҳои кишвар пурзӯр кард. Аз ҷумла дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминӣ реқаи ҳароратсанҷӣ (термометрия) ва санҷиши мавҷудияти шаҳодатномаҳои эмкунӣ ҷорӣ карда шуда, дар вазорати тандурустӣ аз нав Маркази зиддибӯҳронии иттилоотӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус ташкил шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button